Принсипи муомила ба мисл. Тоҷикистон низ раводидро барои шаҳрвандони Эрон пурра лағв кард

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди ҷониби Эронро дар робита ба лағви раводид тариқи масири ҳавоӣ байни ду кишварро “бо инобати риояи принсипи муомила ба мисл” ҷонибдорӣ кард, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. Ин ниҳод шарҳ додаааст, ки дар иртибот ба Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии […]

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди ҷониби Эронро дар робита ба лағви раводид тариқи масири ҳавоӣ байни ду кишварро “бо инобати риояи принсипи муомила ба мисл” ҷонибдорӣ кард, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ин ниҳод шарҳ додаааст, ки дар иртибот ба Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ, ки 8 ноябри соли 2023, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024, №1 ва тибқи қарори нави ҳайати вазирони Эрон, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон, ки шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ доранд, метавонанд бидуни раводид ба қаламрави якдигар тавассути роҳи ҳавоӣ аз Тоҷикистон ба Эрон ва баръакс сафар намуда то 30 рӯз дар ҳар давраи 90 рӯз сафар намоянд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки бо истинод ба муносибатҳои дӯстонаи байни ду кишвар Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати воридшавии бераводиди шаҳрвандони Эрон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди ҷониби эрониро бо инобати риояи принсипи муомила ба мисл ҷонибдорӣ менамояд.

“Иқдоми мазкур танҳо тавассути роҳҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар амалӣ гардида, барои шаҳрвандоне, ки тавассути кишварҳои сеюм ва/ё нуқтаҳои убури сарҳади давлатии заминӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар менамоянд, раводиди дахлдор лозим аст”, – омадааст дар иттилоияи ВКХ Тоҷикистон.

Қоидаҳои нав шурӯъ аз 3 феврали соли 2025 ҷорӣ мегардад.

Эрон ду рӯз пеш дар робита ба бекор кардани низоми раводиди ҳавоӣ бо Тоҷикистон қарори дахлдор ба имзо расонида буд.

Ин ба маъно аст, ки акнун шаҳрвандони ду кишвар метавонанд, ки тариқи масири ҳавоӣ ба ҳама шаҳрҳои якдигар сафар кунанд.

Қаблан, танҳо байни Теҳрону Душанбе ва баръакс ва онҳо ҳам тариқи хатсайри мустақим раводид лағв шуда буд.

Зимнан, рӯзи 16-уми январ Эмомалӣ Раҳмон дар як вохӯрие  дар Душанбе гуфта буд, ки худаш аввалин шуда қарори бекор кардани раводид байни ду кишварро қабул кардааст ва “ҳоло шаҳрвандони Эрон метавонанд ҳар вақт ки хоҳанд, бо аҳли оилаашон ба Тоҷикистон сафар кунанд”.

Ҳамчунин, Масъуд Пизишкиён ҳам дар як мулоқоташ бо эрониёни муқими Тоҷикистон дар Душанбе он вақт мегуфт, қабл аз сафар ба Тоҷикистон низоми раводидро миёни ҳама шаҳрҳо бекор кардаанд.

Интизор меравад, ки бо афзоиши хатсайрҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар, имконоти бештари сафар барои шаҳрвандон фароҳам гардад. Ҳоло миёни Душанбе ва шаҳрҳои Теҳрону Машҳад парвозҳо анҷом дода мешаванд ва дар ояндаи наздик хатсайрҳои Душанбе – Кеш – Душанбе ва Душанбе – Шероз – Душанбе низ ба роҳ монда мешаванд.

Ҷузъиёти дигари сафари бидуни раводидро дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед: “Аз А то Я-и сафари бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эрон”. Инчунин, сабабу баҳонаҳои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эронро дар ин матлаб бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сафи соҳибкорон дар Тоҷикистон 4,3% зиёд шудааст

Аз ҳама зиёдтар теъдоди соҳибкороне афзудааст, ки бо патент кор мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.