Раиси нави Конибодом гуфт, то ҳол сокинони шаҳр “хотирҷамъ нестанд ва навбатдории шабонарӯзӣ давом дорад”

Бо гузашти қариб 2 моҳ аз боздошти 4 гумонбар дар кушторҳои пурсарусадо дар шаҳри Конибодом то ҳол сокинони “хотирҷамъ” набуда, навбатдории шабонарӯзии сокинон дар маҳаллаҳои шаҳр давом дорад. Ин нуктаро Даврон Зоҳидзод, раиси нави шаҳри Конибодом дар нишасти матбуотии рӯзи 31-уми январ зикр кард. Номбурда бо ишора ба халал нарасонидан ба рафти тафтишот дар робита […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Бо гузашти қариб 2 моҳ аз боздошти 4 гумонбар дар кушторҳои пурсарусадо дар шаҳри Конибодом то ҳол сокинони “хотирҷамъ” набуда, навбатдории шабонарӯзии сокинон дар маҳаллаҳои шаҳр давом дорад. Ин нуктаро Даврон Зоҳидзод, раиси нави шаҳри Конибодом дар нишасти матбуотии рӯзи 31-уми январ зикр кард.

Номбурда бо ишора ба халал нарасонидан ба рафти тафтишот дар робита ба ин ҳодиса маълумоти бештар надод ва танҳо илова кард, ки “боздоштшудаҳо ба хотири гумроҳ кардани тафтишот ва бо умеди ҷазои камтар гирифтан ду нафари дигарро ном гирифтаанд, ки гӯё шарики ҷиноят будаанд.  Аз ин рӯ, мардум ҳанӯз шабона гирди гулхан ҳастанду “дружиначиҳо”-и ихтиёрӣ ба хотири кӯмак ба мақомот фаъоланд”.

Раиси нави шаҳр тасдиқ кард, ки дар пайи кушторҳои пайдарпай аҳолии зиёд хонаҳои худро тарк карда, ба шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои вилоят куч бастанд ва  ҳоло “ҳукумат талош дорад, ҳамаи онҳоро ба хонаю дари худ баргардонад”.  

Ёдовар мешавем, ки дар пайи кушторҳои пайдарпай дар шаҳри Конибодом соли гузашта, 23 узви 7 оила ба таври мармуз кушта шуданд ва сокинони ин шаҳр дар ҳарос буданд. Ин ҳодисаҳо нигарониҳоро ба миён оварданд, зеро дар аввал шахсони ношинос шабона бо ниқоб дар кӯчаҳо мегаштанд ва наворҳо аз гаштугузори онҳо низ  дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Рӯзи 21-уми декабри соли гузашта, Додситонии куллли кишвар аз боздошти чаҳор гумонбар дар содир кардани ин кушторҳо хабар дод ва гуфт, "ҷинояти кушторҳо дар шаҳри Конибодом кушода шуда, алайҳи боздоштшудаҳо парванда боз шудааст".

“Фаъолияти гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, тафтишот идома дорад”, -гуфт Додситонии кулли кишвар.

Дар иттилоияи Додситонии кул ҷузъияти боздошт, яъне чӣ гуна, дар куҷо ва бар пояи кадом далел боздошт гардидани муттаҳамон ошкор нашудааст.

Ҳоло тафтиши ин ҳодиса ба куҷо расидааст, маълум нест.

Дар бораи он ки наздикони боздоштшудаҳо дар бораи худи онҳо чӣ мегӯянд а то куҷо онҳо ба куштор қодиранд, дар ин маводи мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио