Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Баргардонидани заминҳои муассиса, ки ғайриқонунӣ ба шахсиятҳои алоҳида дода шудааст, таъмини хатмкунандагон бо ҷойи кор, ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ кардани ихтисосҳо аз масъалаҳое буд, ки имрӯз дар нишасти матбуотии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ гардиданд.

 

“Заминҳоро бармегардонем”

Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зимни нишасти матбуотӣ масъалаи ғайриқонунӣ азхудкунии заминҳои дар ихтиёри муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бударо тасдиқ карда, гуфт, ки як қисми ин заминҳоро дубора баргардониданд.

“Солҳои охир баъзе қитъаҳои замин ғайриқонунӣ ба шахсиятҳои алоҳида дода шудааст. Айни замон 1 ҳазору 800 гектар заминро пурра сертификат кардем, махсусан заминҳое, ки дар ноҳияи Шаҳринав аст, пурра дар ихтиёри муассиса аст. Дар Файзобод дар ҳақиқат заминҳои зиёд ҳаст чунки ҳам чарогоҳ ва ҳам заминҳои обии кишоварзӣ аст, ки соли гузашта як қисмаш зери сел монд. Ин заминҳоро мо пурра баргардонидем ва ин ҷараён дар дигар ноҳияҳо низ идома дорад”, – гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Номбурда афзуд, ки аллакай ба нафароне, ки заминҳоро соҳиб шудаанд мактуб ирсол шудааст ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи бархе аз ноҳияҳо низ муроҷиат кардаанд.

Фарҳод Раҳимӣ, иброз дошт, ки масъалаи баргардонидани заминҳои муассиса муҳим аст ва ҳатман он заминҳоро бозпас мегиранд. Лекин ӯ нагуфт, ки чанд гектар заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳанӯз баргардонида нашудааст ва киҳо ин заминҳоро ғайриқонунӣ ба нафарони алоҳида тақсим карда додаанд.

 

“Тибқи талабот мутахассис омода мекунем”

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гуфт, ки дар соли таҳсили 2024-2025 дар муассисаҳои ибтидоии касбӣ 16 ҳазору 453 хонанда қабул шудаанд. Ва дар соли таҳсили 2023-2024 муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро 8 ҳазору 73 нафар аз рӯйи 53 ихтисос хатм кардаанд.

Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки масъалаи бо кор таъмин кардани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз мушкилоти асосӣ аст, ки бояд ҳалли худро ёбад. Ӯ иброз дошт, ки барои бартараф кардани норасоии кор ҳамкорӣ бо корфармо ва донистани талаботи он корхона муҳим аст.

“Мо дархостҳои мушаххас аз ҷониби НБО Роғун, ТАЛКО ва дигар корхонаҳо воридшударо ба назар гирифта аз рӯйи талаботи онҳо мутахассис тайёр карда истодаем. Агар мо гӯем, ки чӣ қадар хатмкунандаи муассисаҳои мо дар бозори меҳнат бо ҷойи кор таъмин шудаанд, инҷо ду масъала пеш меояд: ҳунарманд мешавад ё худ бозори меҳнат месозад. Яъне як нафар челонгар тайёр мешавад, ӯ корхонаи хусусии худро месозад ва бо ин восита се нафари дигар бо кор таъмин мешаванд”,-гуфт номбурда.

Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки “ҳунарманд ҳеҷ вақт бекор намемонад, масалан кафшергари барқӣ, челонгари барқӣ, сантехник, кандакор ва даҳҳо ихтисосҳое, ҳаст, ки дар бозори меҳнат талабот ба он зиёд аст”.

Номбурда дар  идома гуфт, ки “мардуми зиёд дорем, ки шуғл ва касби муайян надоранд, ҳатто хоҳиши касбомӯзӣ надоранд”. Ӯ гуфт, ки бо вуҷуди гузаронидани ташвиқот дар бозорҳо, фурудгоҳҳо, марказҳои савдо ҳанӯз ҳам шаҳрвандон ба омӯхтани касб таваҷҷуҳ надоранд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо аз рӯйи 14 самт аз ҷумла техника ва технология, нақлиёт, энергетика, меъморӣ ва сохтмон, кишоварзӣ ва ғайра мутахассис омода мешаванд. Ҳамчунин 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 10 самт аз ҷумла омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, ҳуқуқ кадр омода мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...