Даргузашти Оқохони 4, пешвои исмоилиҳои ҷаҳон

Asia-Plus

Шоми дирӯз, 4-уми феврал шоҳзода Карим Оқохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар пойтахти Пуртуғол, шаҳри Лиссабон дар 88-солагӣ аз олам даргузаштааст.

Пайравони мазҳаби исмоилӣ дар гӯшаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) низ ҳастанд.

Девони имомати исмоилӣ хабар додааст, ки рӯҳонии ояндаи онҳо аллакай таъин шудааст ва номи ӯ пас аз видоъ бо Оқохони 4 дар рӯзҳои наздик эълом мешавад.

Оқохони 4 13-уми декабри соли 1936 дар Суис (Швейтсария) ба дунё омада, баъд аз вафоти бобояш Муҳаммадшоҳ Оқохони 3, соли 1957 имоми исмоилиҳо таъин гардид. Ӯ 68 сол имоми исмоилиҳо боқӣ монд.

Шоҳзода Карим Оқохон чанд маротиба ба Тоҷикистон ҳам омада буд. Охирин боре, ки ба Тоҷикистон омад, моҳи апрели соли 2012 буд.

 

Оқохони 4 кӣ буд?

Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони 4 13-уми декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон зода шудааст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохон 3 дар 11-уми июли соли 1957 дар 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд. Вай 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон аст.

Вай баъди хатми мактаби Ле Розеи Швейтсария ба Донишгоҳи Ҳорворд дохил ва риштаи таърихи исломро хатм кард.

Оқохони IV муддате ҳам масъули кумакҳои кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) будааст.

Ӯ поягузори Муассисаи мутолеоти исмоилӣ, Маркази ҷаҳонии касратгароӣ (плюрализм), Донишгоҳи Осиёи Миёна ва Донишгоҳи Оқохон мебошад.

Карим Оқохони 4 Бунёди Рушди Оқохон (AKDN)-ро, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистону кишварҳои ҳамсояаш чандин тарҳҳои иқтисодиву иҷтимоиро амалӣ мекунад, созмон додааст.

Ин ташкилот ва агентиҳои он ба тақвият ва беҳтар кардани сифати зиндагии мардум дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ тамаркуз мекунанд. Ҳадафи барномаҳои AKDN ин баланд бародштани сатҳи некӯаҳволии ҳамаи мардум, новобаста аз нажод, миллат ва дин  мебошанд. 

Радиои Озодӣ навиштааст, ки “сафару ёриҳои Оқохон ба Тоҷикистон дар давраи ҷанги дохилии солҳои 1992-97 ва бозсозии баъдиҷангӣ шиддати иҷтимоиро коҳиш дода, мавзеъгирии сиёсии ӯ ба пешрафти гуфтушуниди сулҳ мусоидат кардааст”.

Оқохони 4 солҳои 1995, 1998 ва 2008 ва бори охир соли 2012 ба ба Тоҷикистон омада буд. Аз соли 2000 дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғро ташкил додааст.

Оқохон чаҳор фарзанд дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...