“Каме бемор буданд”. Президенти Академияи миллии илмҳо сабаби таҷлил нашудани 85-солагии Акбар Турсонро гуфт

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) сабаби таҷлил нагардидани 85-солагии академик Акбар Турсонро ба “бемор будан”-и ин олими тоҷик рабт дод ва гуфт лағви он ба мусоҳибаҳои академик рабт надорад.

Ӯ имрӯз, 6-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури рӯзноманигорон изҳор дошт, ки “мо ин гуна чорабиниҳоро пай дар пай мегузаронем”.

“Аз сабабе, ки устод каме бемор буданд, мо натавонистем, ки ин чорабинии устодро баргузор кунем. Мо омода ҳастем барои гузаронидани ин гуна чорабиниҳо. Дар ин самт ягон монеагӣ дар АМИТ нест”, – гуфт президенти АМИТ.

Ӯ таъкид кард, ки Акбар Турсон бо ҳар расонае, ки мусоҳиба оростааст, “фикру андешаи худашонро баён кардаанд”.

Қобилҷон Хушвахтзода дар ҳузури олимони АМИТ гуфт, ки “ҳар олим ҳақ дорад бо воситаҳои ахбори омма суҳбат кунад ва андешаи худро баён намоед, ин ҷо ягон монеагие нест”.

Қобилҷон Хушбахтзода ваъда кард, ки 85-солагии академик Акбар Турсон “дар оянда” таҷлил карда мешавад. Мушаххас кадом рӯз чизе нагуфт.

Ба иттилои манобеи “Азия-Плюс”, АМИТ рӯзи 4-уми октябри соли 2024 мехост, ки дар доираи як конфронси ҷумҳуриявӣ 85-солагии академик Акбар Турсонро таҷлил кунад ва дар ин замина нақша таҳия шуда, ба маърӯзагарони конфронс даъватнома ҳам равон шуда буд.

Вале баъди мусоҳибаи академик бо чанд расона, аз ҷумла бо “Азия-Плюс” дар моварои 85-солагиаш, ки аз мушкилоти АМИТ ва кори олимони тоҷик нигаронӣ кард, чорабинӣ баргузор нашуд.

Он замон аз АМИТ ба “Азия-Плюс” сабаби баргузор нашудани чорабиниро “тайёрӣ ба ҷашни рӯзи забон – 5-уми октябр” гуфтанд. Вале манбаъҳои алоҳида таъкид карданд, ки сабаби баргузор нашудани чорабинӣ маҳз мусоҳибаҳои ӯ бо расонаҳо буд.

Рӯзи 1-уми октябри соли 2024 Акбар Турсон, академик ва донишманди шинохтаи тоҷик 85-сола шуд. Ӯ яке аз олимони бисёрфанне аст, ки дар соҳаҳои гуногун, ба монандӣ фалсафа, физика, фарҳангшиносӣ, шарқшиносӣ даст зада, корҳои илмиву тадқиқотии мондагор анҷом додааст.

Мусоҳибаи академик Акбар Турсон бо “Азия-Плюс”-ро, ки перомуни нақши зиёиён дар замони муосир, дифоъ аз шахсиятҳои миллӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва рӯзгори имрӯзаи ин олими тоҷик аст, дар ин пайванд бубинед ва бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...