Мизи мудаввар оид ба натиҷагирии 29-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29)

Маводи шарикон

5 феврали соли 2025 дар шаҳри Душанбе Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) мизи мудаввар дар мавзуи “Натиҷагирии 29-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП29)” бо иштироки раиси Кумита Баҳодур Шерализода, директори кишварии Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон, ҷаноби Ко Сакамото ва муовини роҳбари  Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) дар Тоҷикистон хонум Эри Двиведи баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин ҷамъ овардани ҷонибҳои калидии манфиатдор, намояндагони вазорату идораҳои кишвар, коршиносон, шарикони рушд ва бахши хусусӣ барои муҳокима ва таҳлили натиҷаҳои Конфронси 29-уми Тарафҳои (COP29) Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (UNFCCC) ва дар асоси ҳадафҳои иқлимии кишвар муайян намудани пешниҳод оид ба қадамҳои оянда барои КОП30 буд.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагони Кумита 2 рӯйнамо пешкаш гардиданд, ки дар онҳо натиҷаҳои бадастовардаи зерин матраҳ гардиданд:

– Баррасии гуфтушунидҳо ва фаъолияти павилиони милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи COP29;

– Натиҷаҳои COP929 ва таъсири онҳо ба маблағгузории иқлимӣ аз ҷониби шарикони рушд;

Мизи мудаввар бомуваффақият натиҷаҳои COP29-ро аз нуктаи назари гуфтушунидҳо дар павилиони миллии "Пиряхҳо-2025" ва таъсири васеътар ба маблағгузории иқлимӣ муайян кард. Мубоҳисаҳо на танҳо дастовардҳои COP29-ро таъкид карданд, балки инчунин қадамҳои минбаъдаро барои тайёрӣ дар сатҳи зарурӣ ба COP30  пешниҳод намуданд. Иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки таҳкими ин натиҷаҳо тавассути таҳкими ҳамоҳангсозӣ, банақшагирии стратегӣ ва сафарбар кардани дастгирии байналмилалӣ барои пешбурди ҳадафҳои иқлими Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар амалҳои глобалӣ оид ба тағирёбии иқлим муҳим хоҳад буд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...