Қарздорони калонтарин аз истифодаи барқ дар кишвар киҳо ҳастанд?

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Қарзи истифодаи неруи барқ то 1-уми январи соли 2025 аз сӯи аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ниҳодҳои дигари давлатӣ дар назди ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба 4,1 миллиард сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба 1-уми январи соли 2024-ум 636 млн 843 ҳазор сомонӣ  ё 18% зиёд мебошад.

Ин нуктаро Муҳаммад Ғуломзода, намояндаи ҶСК “Шабакаҳои тақсими барқ”, рӯзи 11-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.

Номбурда гуфт, ки қарздори калонтарин аз истифодаи барқ аҳолӣ мебошанд, ки то имрӯз, 1,7 млрд сомонӣ расидааст. Ин нисбат ба як соли пеш 145,5 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст.

 

Қарздорони калонтарин аз барқ:

Бодя гуфт, ки ҳоло истеъмолгарони нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба категория бо таърифаҳои гуногун тақсим шудаанд, ки онҳо барои истифодаи барқ айни замон бо тариқи зайл маблағ пардохт мекунанд:

– барои истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 26,51 дирам;

– барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ аз 1-уми апрел то 30-юми сентябр – 9,2 дирам ва аз 1-уми октябр то 31-уми март – 26,51 дирам;

– барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ – 9,2 дирам;

– барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) – 12,6 дирам;

– барои “Комбинати металлургии Тоҷикистон” аз 1-уми май то 30-юми сентябр – 10,64 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел – 60,65 дирам;

– барои муассисаҳои ғайрибуҷетии соҳаи маориф – 45,51 дирам.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон дар соли 2024 зиёда аз 2 млрд 478 млн киловатт-соат барқро ба кишварҳои Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон фурӯхтааст.

Ҳамасола аз моҳи сентябр то апрел дар Тоҷикистон маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Соли 2024 аз 22-юми сентябр дар кишвар маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шуд.

Вазорати энергетика ва захираҳои об моҳи декабр ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки Шабакаҳои тақсимоти барқ реҷаи таъмини аҳолӣ бо барқро танзим кардаанд: дар як шабонарӯз ба аҳолӣ бояд 10 соат (аз соати 5:00 то 8:00 ва аз 16:00 то 23:00) барқ дода шавад. Вале сокинони кишвар ҳамон вақт ҳам аз бенизомии реҷаи барқ шикоят карда, мегуфтанд, ки аз 5 то 8 соат дар як шабонарӯз хонаҳояшон равшан асту халос.

Қаблан масъулини Вазорати энергетика ва захораҳои оби кишвар ва “Барқи тоҷик" гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад. Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар паёми солонааш гуфт, ки соли 2027 Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энерегетикӣ ноил мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...