Қабр ё қаср? Чаро дар оромгоҳҳои Хуҷанд гӯрҳо фурӯ мераванд?

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Фурӯравии чандин гӯр дар оромгоҳи Ёйчии шаҳри Хуҷанд сокинони ин шаҳрро нигарон кардааст. Ин аввалин ҳолати фурӯравии гӯрҳо дар оромгоҳи ин шаҳр нест. Қаблан низ чунин ҳолат дар дигар оромгоҳи ин шаҳр мушоҳида шуда буд.

Пайвандони вафоткардаҳо мегӯянд, оромгоҳ бояд муҳофизат шавад ва гӯрҳои фурӯрафта бояд сари вақт обод гарданд.

Масъули ниҳоди нигоҳубини оромгоҳҳои шаҳр иддао дорад, ки яке аз сабабҳои фурӯравии гӯрҳо ин тарзи кофтани он ва бунёди мақбараҳои пурҳашамат дар болои он аст. Рӯҳониён мегӯянд, пеши роҳи ин анъанаи бегона гирифта шавад.

Хабари фурӯравии даҳҳо гӯр дар оромгоҳи Ёйчии шаҳри Хуҷанд қариб як моҳ пеш расонаӣ гардид. Он замон чанде аз сокинон ин шаҳр бо нашри наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят карданд, ки оромгоҳ беназорат мондааст ва пайвандони нафарони фавтида барои обод нигоҳ доштани гӯри наздиконашон бояд таваҷҷуҳ кунанд.

Аз ҷумла, Масуда Бобоҷонова, як сокини шаҳри Хуҷанд дар наворе аз сокинони шаҳри Хуҷанд хост, ки гӯри фурӯрафтаи пайвандонашонро обод кунанд.

“Бо пайвандони инҷо дафншудаҳо маҷлис гузаронида, коре кунанд, ки гӯрҳо вайрону фурӯрафта намонад. Шояд ё худашон усто оварда, гӯрҳоро обод мекунанд”, – гуфт Масуда Бобоҷонова.

Мушоҳидаи мо ҳам нишон дод, ки дар оромгоҳи Ёйчӣ даҳҳо гӯр фурӯ рафтааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки фурӯравии гӯрҳо дар қабристонҳои Хуҷанд бори аввал расонаӣ намешавад. Қариб ду сол пеш низ бар асари боронгариҳо дар оромгоҳи Найсавори маҳаллаи Себзор наздики 40 қабр пурра фурӯ рафта буд.

 

Ду сабаби фурӯравии гӯр

Масъулини нигоҳубини оромгоҳҳои шаҳри Хуҷанд тасдиқ мекунанд, ки чандин гӯр дар оромгоҳи Ёйчӣ фурӯ рафтааст ва инро ба ду омил вобаста медонанд.

Қаҳрамон Ахмедов, сардори шӯъбаи маросими дафн дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд мегӯяд, “ин қабрҳо ба таври лаҳадӣ кофта шудаанд ва гӯре, ки ба ин тарз канда шудааст, дар намнокии зиёд фурӯ меравад”.

Эҳсон Музаффаров, назоратичии оромгоҳи Найсавор дар шаҳри Хуҷанд, ки солҳои пештар даҳҳо гӯр фурӯ рафта буд, таъкид мекунад, ки “сабаби аслии фурӯравии гӯрҳо мақбараҳои пурҳашамати боло он аст”.

“Санге, ки дар болои гӯр мегузоранд, бояд сабук бошад. Аммо имрӯз баъзеҳо дар болои гӯри пайвандонашон мақбараҳои пурҳашамат месозанд. Дар баъзе мақбараҳо то 600 хишти пухта истифода шудааст. Ин ҳама вазн болои гӯр меистад ва дар намнокӣ боиси фурӯ рафтани он мегардад”, – мегӯяд Эҳсон Музаффаров.

Музаффаров мегӯяд, беҳтар мебуд одамон барои гӯри пайвандонашон санги сабуктар мегузоштанд ва аз бунёди мақбараҳои пурҳашамат даст мекашиданд.

 

“Як навиштаҷот ё ишарае кифоя аст”

Ба андешаи уламои дин ҳам, бунёди мақбараҳои боҳашамат дар сари гӯри фавтидагон ҷоиз нест.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, сардори Шӯрои уламои дини вилояти Суғд, ба ин назар аст, ки барои гум нашудани гӯр як навиштаҷот ё ишорае кифоя аст, гузоштани сангҳои вазнин ва мақбараҳои пурдабдаба аслан лозим нест.

“Дар ҳадисҳо ва таълимоти фиқҳӣ масъалаи ободу озода нигоҳ доштани қабристонҳо зикр шудааст, аммо ҳеҷ куҷое дар бораи бунёди мақбараҳои боҳашамат зикр нашудааст”, – мегӯяд Мӯсозода.

Ӯ зикр мекунад, ки аслан гӯрҳои фурӯфтаро бояд фарзандони пайвандони майит обод кунанд ва тозаву зебо нигоҳ доранд.

 

“Ободии гӯр боиси ҷанҷол ҳам гардида буд”

Обод кардани гӯрҳои фурӯрафта дар гузашта боиси ҷанҷол низ гаштааст. Қаҳрамон Ахмедов мегӯяд, солҳои пеш, вақте дар пайи боришоти зиёд гӯрҳо фурӯ мерафтанд, масъулини нигоҳубини оромгоҳҳо худ барои ободонии гӯрҳо иқдом мекарданд, аммо ин кор баъзан боиси норозигии пайвандони фавтидагон гардидааст.

“Ҳатто баъзан ҷанҷол мекарданд, ки чаро гӯри пайвандони моро бе иҷозаи мо обод кардед”, – гуфт Қаҳрамон Ахмедов.

Аз ин лиҳоз, ӯ ба масъулини нигоҳубини оромгоҳҳо дастур додааст, ки минбаъд танҳо бо иштирок ва иҷозаи пайвандони дафншудаҳо гӯрҳоро обод кунанд. Ва ҳамакнун, муроҷиати Масуда Бобоҷоноваро дастгирӣ мекунад ва мегӯяд, “бигзор пайвандони нафари дафншуда биёянд, аз хонаи охирати гузаштагони худ бохабар шаванд ва дар ҳолати зарурӣ барои обод кардани он саҳм гузоранд. Мо ин гуна иқдомро дастгирӣ мекунем ва омодаи мусоидат ҳастем”.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Хуҷанд 16 оромгоҳ мавҷуд аст, ки аз он 13 оромгоҳи мусалмонҳо 3 оромгоҳи адёни дигар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...