Сергей Лавров гуфт, зидди реҷаи раводид барои муҳоҷирони корӣ аст

Asia-Plus

Русияро лозим аст, ки назорат аз болои муоҷирони кориро шадидтар кунад, лекин муқобили онҳо реҷаи раводид ҷорӣ насозад. Тавре ки хабаргузории ТАСС менависад, дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия дар Думаи давлатӣ изҳори назар кардааст.

"Ба ақидаи мо, бояд назорати рафтори онҳо сахттар шавад, вале набояд монеъаҳо эҷод шаванд, бахусус реҷаи раводид ҷорӣ шавад. Бале, дар муқоиса бо тартибе, ки қаблан вуҷуд дошт, чораҳои иловагӣ қабул мешаванд. Вале ин тадбирҳо ба шадидтар кардани назорат, на барои эҷоди монеаҳо барои муҳоҷирати корӣ равона шудаанд", – гуфт Лавров дар посух ба саволи вакилони порлумон дар бораи эҳтимоли тағйири муносибат бо муҳоҷирон.

Дар маҷмӯъ, вазир изҳори итминон намуд, ки "ҳеҷ гуна шадидтар кардани муносибатҳо бо муҳоҷирони корӣ, пеш аз ҳама аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, дигар ҷумҳуриҳои собиқ ба манфиатҳои дарозмуддати Русия мусоидат нахоҳад кард".

"Бале, албатта, тартибот бояд назорат шавад. Қонуншиканиҳо аз ҷониби муҳоҷирони бисёр кишварҳое, ки аз он ҷо муҳоҷирон меоянд, сабт шудаанд", – гуфт раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия.

"Мо бо сафирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) махсус як қатор мулоқотҳо баргузор кардем. Ба ҳама саволҳои онҳо ҷавоб дода, мантиқеро, ки мо бар асоси он кор мекунем, шарҳ додем", – ёдовар шуд вазири рус.

– Дарвоқеъ, дар санадҳои асосии таъсиси ИИАО навишта шудааст, ки шаҳрвандони ҳамаи кишварҳои аъзо ҳуқуқҳои баробар доранд: омадан ба Русия бидуни даъват, тасдиқи накардани макони кор ва ғайра. Аммо эҳтимол, акнун инро бояд мушаххас кунем".

"Вуруди муҳоҷирон бояд назорат шавад ва мақомот бояд донанд, ки одамоне, ки ба кор омадаанд, дар куҷо қарор доранд. Кӣ ба онҳо кор медиҳаду масъул аст ва мутаносибан масъулияти риояи қонунҳои Русияро бар уҳда дорад", – илова кардааст Лавров.

Ӯ изҳори итминон кардааст, ки "метавон инро бидуни эҷоди монеаҳои сунъӣ дар муносибатҳо бо иттифоқчиёни наздик ҳаллу фасл кард". "Бале, воқеан, ҳама қонунҳо доранд. Вале қонунҳо мутобиқи талаботи зиндагӣ тағйиру такмил меёбанд", – гуфтааст раҳбари вазорат.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 январ тағйирот ба сиёсати муҳоҷират мавриди амал қарор гирифт, ки мувофиқи он, муҳлати будубоши хориҷиён дар Русия бидуни раводид (виза) ду баробар – аз 180 то 90 шабонарӯз дар як сол кам шуд.

Ғайр аз ин, аз 5 феврал сарҳадбонон зиёдтар асосҳо пайдо мекунанд, ки вурудро манъ кунанд, аз ҷумла дар сурати эҳтимоли ба амнияти Русия таҳдид доштани шаҳрванди хориҷӣ, онҳо метавонанд дар худи ҳамон маҳал (дар сарҳад) дар бораи рад кардани вуруд қарор қабул кунанд.

Ҳамчунин то 30 апрели соли 2025 ҳар як шаҳрванди хориҷӣ, ки реҷаи будубош дар Русияро риоя накардааст, барои қонунӣ кардани ҳузури худ бояд ба мақомоти минтақавии ВКД ё ба филиали КВДФ “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Русия дар маҳалли ҳузур муроҷиат намояд.

Мувофиқи амри президенти Русия, чунин қонуншиканон аз кишвар хориҷ ё дар муассисаҳои махсус ҷойгир карда намешаванд. Ҳамчунин ба онҳо вуруд ба Русия манъ намешавад.

Соли 2024 Думаи давлатӣ дар бораи сангинтар кардани сиёсати муҳоҷират 14 қонун қабул кард. Раиси Дума Вячеслав Володин изҳор дошта буд, ки манъи муҳоҷират пешбинӣ намешавад, лекин чунин изҳори назар карда буд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ шумори иҷозаҳои кор дар соҳаҳоро маҳдуд кардан лозим аст:

“Таълиму тарбия ва тандурустӣ соҳаҳое мебошанд, ки дар онҳо бояд шаҳрвандони кишвари мо кор кунанд. Ҷалби муҳоҷиронро ба ин соҳаҳо нодуруст мешуморем”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...