Аввалин паради Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна гузашт?

Рӯзи 23-уми феврали соли 1993, дар майдони марказии Душанбе, аввалин паради ҳарбии Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол гузашт. Ин гузашт дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ ва дар шароити душвор анҷом ёфт. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан аз сифр сохта шуд ва шурӯъ аз ин рӯз дар Тоҷикистон Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ таҷлил карда мешавад. “Бо вуҷуди мушкилоти зиёди […]

Asia-Plus

Рӯзи 23-уми феврали соли 1993, дар майдони марказии Душанбе, аввалин паради ҳарбии Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол гузашт. Ин гузашт дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ ва дар шароити душвор анҷом ёфт.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан аз сифр сохта шуд ва шурӯъ аз ин рӯз дар Тоҷикистон Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ таҷлил карда мешавад.

“Бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, инчунин, набудани афсарону мутахассисони касбӣ, мо ба ташкили ҷузъу томҳо, қисму воҳидҳои алоҳида ва бо техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ таъмин кардани онҳо шурӯъ намудем. Борҳо гуфтаам ва ҳоло такроран хотирнишон месозам, ки дар кишвари тозаистиқлоли мо дар он рӯзҳо барои таъсис додани артиши касбӣ одитарин заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зимни суханронӣ ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ.

“Азия-Плюс” кадрҳои нодири аввалин паради ҳарбӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлолро дарёфту ҷамъоварӣ кард ва онро пешниҳоди хонандагон мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.