Дар Тоҷикистон дарозтарин пули машингузар дар Осиёи Марказӣ сохта мешавад

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Созишномаи сохтмони дарозтарин пули мошингузар дар Осиёи Марказӣ, ки дар болои дарёи Сурхоб дар ноҳияи Нурободи Тоҷикистон сохта мешавад, ба имзо расидааст.

Вазорати нақлиёти кишвар хабар медиҳад, ки созишномаи мазкурро Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар ва Ли Минкун, намояндаи ширкати чинии “Zhejiang Communications Construction Group Co. Ltd” рӯзи 21-уми феврал имзо карданд.

Арзиши умумии лоиҳа ҳудуди 59,8 миллион доллар (427,5 миллион юан) буда, он бо маблағгузории Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ сохта мешавад.

Тибқи қарордод, пул (купрук)- и мазкур дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳаи шоҳроҳи Обигарм-Нуробод, ки 79 км дарозӣ дорад, сохта мешавад. Дарозии пул 920 метр буда, бо шумули роҳҳои ба он васлшаванда дар умум 79 км дар канори дарёи Сурхоб дар ноҳияи Нуробод сохта мешавад.

Пули мазкур дар мӯҳлати 4-сол бояд сохта, ба истифода дода шавад.

То ҳол корҳои техникию иқтисодӣ ва омӯзиши лоиҳаи пул ба анҷом расонида шудааст. Аммо маълум нест, ки сохтмони он кай оғоз мегардад.

Қаблан палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаи қарзӣ байни ҳукумати кишвар ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохториро оид ба лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод тасдиқ карда буд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар дар шарҳи созишнома ба вакилон гуфта буд, ки мувофиқи қарордоди ба имзорасида ҳаҷми умумии қарзи ҷалбшаванда 75,5 млн долларро ташкил медиҳад. Қарз ба муҳлати 29 сол, аз ҷумла бо 6 соли давраи имтиёзнок пешниҳод карда мешавад.

Дар умум барои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод ба маблағи 3,3 млрд сомонӣ (зиёда аз 300 млн доллар) сарф карда мешавад.

Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ бо пешниҳоди Чин таъсис дода шудааст. Ҳадафи аслии ниҳоди молиявии мазкур ҳавасмандсозии ҳамкории молиявӣ дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором ва маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар Осиё унвон шудааст.

Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ соли 2014 таъсис ёфта, айни замон 57 кишвари саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон аъзои он мебошанд. Қароргоҳи Бонк дар Пекин воқеъ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...