Нахустин нуқтаи “Wildberries” дар Тоҷикистон рӯзи 21-уми март ба кор оғоз мекунад

Дар рӯзи ҷашни “Наврӯз”- 21-уми марти соли равон нахустин нуқтаи колорасони бозори онлайнии “Wildberries” расман дар Душанбе ифтитоҳ мешаванд. Дар ин бора манбаъҳои огоҳ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Аввалин нуқтаи “Wildberries” аллакай дар Душанбе мавҷуд буда, дар маркази шаҳр – рӯбарӯи собиқ бозори маъруфи “Зелёний” мавҷуд аст. Аммо он ҳоло расман боз нашудааст. Ҳамчунин, дар […]

Asia-Plus

Дар рӯзи ҷашни “Наврӯз”- 21-уми марти соли равон нахустин нуқтаи колорасони бозори онлайнии “Wildberries” расман дар Душанбе ифтитоҳ мешаванд. Дар ин бора манбаъҳои огоҳ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Аввалин нуқтаи “Wildberries” аллакай дар Душанбе мавҷуд буда, дар маркази шаҳр – рӯбарӯи собиқ бозори маъруфи “Зелёний” мавҷуд аст. Аммо он ҳоло расман боз нашудааст. Ҳамчунин, дар гӯшаҳои гуногуни пойтахт таблиғоти “Wildberries”-ро дидан мумкин аст.

Ин палатформа бо пешниҳоди як қатор хидматрасонӣ ва имкониятҳо бартарият дорад. Мавҷуд будани навъҳои гуногуни мол, аз ҷумла либос, техника, воситаҳои ороишӣ, таҷҳизот барои хона ва дигар маҳсулот яке аз махсусиятҳои ин бозори онлайнии фурӯш аст.

Истифода аз ин платформа осон буда, бо доштани имкони интихоби мол аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ва дастрас кардани тезтар барои истифодабарандагон қулай ва роҳат аст.

Дар “Wildberries” ҳам пардохти онлайнӣ ва ҳам нақдӣ баъди гирифтани мол имкон дорад.

Ҳоло “Wildberries” дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Ӯзбекистон фаъол аст. Дар Тоҷикистон роҳандозӣ намудани ин платформа як қисми нақшаи ин ширкат барои таҳкими ҳузури худ дар минтақа аст.

Боз намудани ин бозори онлайнии фурӯш дар Тоҷикистон соли гузашта баррасӣ гардида буд. Он замон Татяна Ким, роҳбари ширкат дар мусоҳиба бо “Азия-Плюс” гуфта буд, дар бораи дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ барои дар платформаи “Wildberries” фурӯхтани маҳсулоти худ ва мубодилаи таҷриба ва дониш бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон шартнома ба имзо расонидааст.

Дар Тоҷикистон молҳои “Wildberries” маҳбубияти зиёд доранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ як қатор мағозаҳои интернетӣ мавҷуданд, ки тавассути миёнаравҳо интиқоли молро аз бозорҳои онлайнии фурӯш пешниҳод мекунанд. Аммо арзиши хизматрасонӣ барои чунин фармоишҳо хеле гарон, ҳатто баъзан гаронтар аз арзиши худи мол аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.