Тоҷикистон муҳоҷирати меҳнатиро гуногунсамт мекунад, вале коршиносон онро нокофӣ медонанд

Дар пасманзари маҳдудият ва фишорҳо болои муҳоҷирон дар Русия, Тоҷикистон кӯшиш дорад муҳоҷиратро ба кишварҳои дигар низ васеъ намояд. ммо, ба гуфтаи коршиносон, ин талошҳо барои гуногунсамт кардани муҳоҷират ҳанӯз кофӣ нест. Мо аз Маркази таълими калонсолон дар Душанбе дидан кардем, ки шаҳрвандонро барои кор дар Британия ва Куриё омода мекунад. Дар ин ҷо беш […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар пасманзари маҳдудият ва фишорҳо болои муҳоҷирон дар Русия, Тоҷикистон кӯшиш дорад муҳоҷиратро ба кишварҳои дигар низ васеъ намояд. ммо, ба гуфтаи коршиносон, ин талошҳо барои гуногунсамт кардани муҳоҷират ҳанӯз кофӣ нест.

Мо аз Маркази таълими калонсолон дар Душанбе дидан кардем, ки шаҳрвандонро барои кор дар Британия ва Куриё омода мекунад. Дар ин ҷо беш аз 6 забони хориҷӣ ва касбҳои гуногунро меомӯзонанд. Марказ дорои 38 филиал ва 20 намояндагӣ дар шаҳру ниҳояҳои ҷумҳурӣ мебошад. Пардохти моҳона ҳудуди 150 сомонӣ мебошад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупову Осиё, аз ҷумла ба Бринания ва Куриё, аслан ба кори мавсимӣ ҷалб мешаванд. Бо вуҷуди ин, омори муҳоҷират нишон медиҳад, ки талошҳо ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ надодаанд.

Ҳамасола аз беш аз 1 млн шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераванд. Аммо теъдоди тоҷикистониёне, ки барои муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои дигар, аз қабили Куриё ва Британия мераванд, нисбат ба Русия хеле кам аст.

Ҷузъиёти бештар дар ин мавзуро дар гузориши мо бинед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.