Оғози моҳи Рамазон расман эълон шуд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон моҳи Рамазон расман 1-уми март оғоз шуда, сокинон то 30-уми март рӯза хоҳанд дошт. Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, зуҳри имрӯз, 25-уми феврал Шӯрои уламои кишвар ҷаласа баргузор карда, дар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қарори дахлдорро қабул кардааст.

Тибқи қарори Шӯрои уламо, имсол маблағи фитри рӯза, закот ва фидя нисбати соли гузашта бештар шудааст:

– фитри рӯза – 8 сомонӣ (2024 – 7 сомонӣ);

– нисоби закот – аз 36 ҳазор сомонӣ 900 сомонӣ (2024 – аз 35 ҳазору 275 сомонӣ 880 сомонӣ);

– фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ – 480 сомонӣ барои 30 рӯз, барои як рӯз 16 сомонӣ (2024 – 420 сомонӣ барои 30 рӯз, барои як рӯз 14 сомонӣ).

Соли гузашта, моҳи Рамазон 11-уми март оғоз гардида, 10-уми апрел Иди Рамазон таҷлил гардида буд. Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат машғул мешаванд. Моҳи Рамазон Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.

Паёмбари ислом Муҳаммад (с) рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки “рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад”.

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...