Озодии блогери тоҷик дар Русия баъд аз як соли боздошт

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Блогери тоҷик Ҷумъабой (Салмон) Раҷабзода, ки соли гузашта  бо гумони “барангехтани кинаву адовати миллӣ ва паст задани шаъну шараф” дар Русия дастгир шуда буд, 20-уми феврал аз боздоштгоҳ озод шудааст.

Ин блогери тоҷик, ки дар “Инстаграм” бо номи “Салмон” машҳур аст, рӯзи 24-уми феврал бо нашри наворе дар саҳифаи “Инстаграм”-и худ гуфтааст, муфаттишони рус нисбаташ “ягон айб наёфтанд ва парвандаро қатъ карданд”.

Ин блогер ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “тамоми муддате, ки дар ҳабс қарор дошт, барои исботи бегуноҳии худ талош кард”.

Ӯ мегӯяд, ба исботи бегуноҳиаш бовар дошт ва барои ин “бисёр қонун ва китобҳои ҳуқуқиро хонда, бо вакилони хуб кор кард ва ба мақомоти Русия шикоят навишт”.

Ҷумъабой Раҷабзода шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро дошт, аммо баъди аз боздошт озод шуданаш мақомоти Русия шаҳрвандии ӯро бекор кардаанд. Аммо ӯ ишора ба эътирофи бегуноҳиаш гуфтааст, ки бояд шаҳрвандиаш барқарор шавад.

Ӯ мегӯяд, барои як муддат Русияро тарк кардааст, чунки бо вуҷуди исботи бегуноҳиаш дар Русия худро чандон амн эҳсос намекард.

Ҷумъабой (Салмон) Раҷабзод моҳи январи соли 2024 бо гумони “барангехтани кинаву адовати миллӣ ва паст задани шаъну шараф” дастгир шуда буд. Кумитаи тафтишоти Русия он вақт гуфта буд, ки ӯ дар наворҳои худ “шаъну шарафи духтарони дорои чеҳраи славяниро паст мезад”.

Худи Раҷабзода ин иттиҳомро рад карда, гуфта буд, “садо ба ӯ тааллуқ надорад ва дар давоми кори худ ба касе бадӣ ё ба ангехтани бадбинии миллӣ даъват накардааст”.

Дастгир шудани ин блогери тоҷик соли гузашта дар расонаҳои русӣ сарусадои зиёд пайдо карда буд. Ҳангоми баррасии қазияи ӯ мақомоти ин кишвар ҳамеша ба зодаи Тоҷикистон будани ӯ ишора мекарданд. Аммо аз озод шудан ва қатъи парвандаи ӯ ба далели бегуноҳияш расонаҳои Русия то ҳол иттилоъе нашр накардаанд.

Ёдовар мешавем, ки ду сол қабл додгоҳи Маскав Кароматулло Ҷабборов, як блогнависи дигари тоҷик ва иштирокчии “саҳнаи шӯхӣ” дар бораи коронавирус дар метрои Маскавро ба ду солу чаҳор моҳ равонаи зиндон карда буд.

Блогнависи дигари тоҷик Руслан Бобиев барои эҷоди аксҳои ҷанҷоловар дар назди калисои Василий дар Маскав ба даҳ моҳи зиндон маҳкум шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...