Намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ нав шудааст

Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо номзадии Эдуардс Стипрайсро ба мақоми намояндаи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ тасдиқ кардааст. Ӯ аз 1-уми марти соли ҷорӣ ба ҷои Терҳи Ҳакала, ки намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказиро бар уҳда дорад, кори худро оғоз мекунад. Дар ин бора сомонаи Шӯрои Иттиҳоди Аврупо хабар медиҳад. «Вазифаи намояндаи нави махсуси Иттиҳоди […]

Asia-Plus

Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо номзадии Эдуардс Стипрайсро ба мақоми намояндаи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ тасдиқ кардааст. Ӯ аз 1-уми марти соли ҷорӣ ба ҷои Терҳи Ҳакала, ки намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказиро бар уҳда дорад, кори худро оғоз мекунад.

Дар ин бора сомонаи Шӯрои Иттиҳоди Аврупо хабар медиҳад.

«Вазифаи намояндаи нави махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ пешбурди муносибатҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба арзишҳои муштарак, кӯмак дар тақвияти субот ва ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа, инчунин тақвияти демократия, волоияти қонун, идоракунии самаранок ва эҳтироми ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ мебошад» — гуфта мешавад дар баёнияи Шӯрои Иттиҳоди Аврупо.

Ӯ дар марҳалаи аввал барои ду сол ба ин мансаб таъин шудааст.

Эдуардс Стипрайс, дипломати латвиягӣ буда, қаблан намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Ӯзбекистон ва Литваро роҳбарӣ мекард. Ӯ ҳамчунин сафири Латвия дар Британияи Кабир ва Фаронса кор кардааст. 

Терхи Ҳакалу аз июли 2021 намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупоро дар Осиёи Марказӣ буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.