Футболбози тоҷик Хусрав Тоиров дар “Черноморетс”-и Украина бозӣ мекунад

Дастаи футболи “Черноморетс”-и Одесса эълон кард, ки дар бораи иҷораи нимҳимоятгури тими “Шахтёр” Хусрав Тоиров қарордод ба имзо расонидааст. Бозингари 20-солаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти рақами 7 то анҷоми мавсими солҳои 2024/2025 дар ин дастаи шаҳри Одесса бозӣ хоҳад кард. “Хусрав Тоиров нимаи дуюми мавсими солҳои 2024/2025-ро дар “Черноморетс”-и Одесса мегузаронад. Мо футболбози 20-сола аз Тоҷикистонро […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дастаи футболи “Черноморетс”-и Одесса эълон кард, ки дар бораи иҷораи нимҳимоятгури тими “Шахтёр” Хусрав Тоиров қарордод ба имзо расонидааст. Бозингари 20-солаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти рақами 7 то анҷоми мавсими солҳои 2024/2025 дар ин дастаи шаҳри Одесса бозӣ хоҳад кард.

“Хусрав Тоиров нимаи дуюми мавсими солҳои 2024/2025-ро дар “Черноморетс”-и Одесса мегузаронад. Мо футболбози 20-сола аз Тоҷикистонро ба иҷора гирифтем.

Дар ҷамъомаду тамринҳо дар Туркия нимҳимоятгар аллакай дар ҳайати “Черноморетс” бозӣ карда, якчанд амалҳои натиҷаовар анҷом дод. Маҳорати техникии Хусрав Тоиров хуб буда, ба даста бояд дар ҳалли вазифаҳои мавсим кумак кунад”, – хабар додаанд дар даста.

Қаблан зикр гардида буд, ки футболбоз аз санҷиши тими “Черноморетс” нагузаштаааст, лекин ин хабар тасдиқ нашуд.

Гуфтушунидҳои даста оид ба қарордод ба охир расидааст. Инро ба хабарнигори “Азия-Плюс” худи Хусрав Тоиров хабар додааст.

“Аз санҷиш дар даста муваффақона гузашта, дар ҷамъомад иштирок кардам. Дар даста рақами 7-ро гирифта, яке аз бозингарони калидӣ шуморида мешавам. Дар бораи қарордод расман танҳо ҳоло хабар доданд, зеро масоили гуногуни марбут ба қарордод мавриди ҳаллу фасл қарор дошт. Сари ҳамаи масъалаҳо ба мувофиқа расида, танҳо ҳалли баъзе масъалаҳои ҷузъӣ аз ҷониби “Шахтёр” боқӣ мондааст.

Дар ҳамин ҳол, барои идомаи футболбозӣ ман дигар пешниҳодҳо ё худ вариантҳо доштам, лекин мехоҳам ин ҷо бимонам. Ин ҷо бброям хубу бароҳат аст. Дар даста ба ман бовар доранд.

Дар оянда ҳадаф дорам, ки дар Аврупо бозиамро идома медиҳам, мехоҳам дар ин ҷо маҳоратамро нишон дода, ба дастовардҳо ноил шавам”, – изҳор дошт футболбоз.

Хусрав Тоиров нимҳимоятгар (вингер)-и самти чапи майдон аст. 1 августи соли 2004 таваллуд шудааст. Тоиров дар мавсими гузашта дар ҳайати “Атирау”-и Қазоқистон ҳунарнамоӣ мекард. Дар ин даста 8 бозӣ гузаронида, 1 гол ба ҳадаф расонидааст.

Аз 1 марти соли 2023 ба тими “Шахтёр”-и Донетск тааллуқ дорад. Қарордод бо футболбоз то 31 декабри соли 2027 ба имзо расидааст.

Дар тими Донетск Тоиров дар ду бозӣ иштирок кардааст. Ҳамчунин Тоиров дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда, 4 бозӣ гузаронидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.