Футболбози тоҷик ба тими “Шахтёр”-и Донетск гузашт

Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Хусрав Тоирови 18-сола аз дастаи “Атирау”-и Қазоқистон ба тими “Шахтёр”-и Донетск (Украина) гузашт. Қарордоди ин даста бо бозингар то соли 2028 пешбинӣ шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии ДФ “Шахтёр” хабар медиҳад. Хусрав Тоиров дастпарвари тими “Локомотив-Помир”-и Душанбе буда, дар ҳайати асосии ин даста бори аввал дар синни 15-солагӣ моҳи апрели […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Хусрав Тоирови 18-сола аз дастаи “Атирау”-и Қазоқистон ба тими “Шахтёр”-и Донетск (Украина) гузашт. Қарордоди ин даста бо бозингар то соли 2028 пешбинӣ шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии ДФ “Шахтёр” хабар медиҳад.

Хусрав Тоиров дастпарвари тими “Локомотив-Помир”-и Душанбе буда, дар ҳайати асосии ин даста бори аввал дар синни 15-солагӣ моҳи апрели соли 2022 ба майдон баромад. Моҳи августи соли 2022 бо дастаи Лигаи олии Қазоқистон – “Атирау” қарордод баста, дар мавсими 2022/23 дар 11 бозӣ иштирок ва 2 партофти головар кардааст.

Тоиров бозингари мунтахаби ҷавонон (U20) буда, моҳи сентябри соли 2022 бори аввал дар ҳайати ин даста ҳунарнамоӣ кард ва то имрӯз дар ин даста 5 бозӣ гузаронидааст.

Хусрав Тоиров 1 августи соли 2004 дар Данғара ба дунё омадааст.

Дастаи нави Хусрав Тоиров – “Шахтёр” қаҳрамони чандинкарати Украина, ғолиби мусобиқаи Лигаи Аврупо мебошад. Имсол “Шахтёр” бозиҳояшро дар даври 1\8 финалии Лигаи Аврупо идома дода, рӯзи 9 март бо тими “Фейенорд”-и Голландия рақобат мекунад. Дар мусобиқаи чемпионати Украина даста баъди 14 давр бо касби 33 имтиёз зинаи дуюмро ишғол мекунад. Дар натиҷаи ҷанг “Шахтёр” ба Киев кӯчид.

Дар мусоҳиба ба портали украинии Ua-football.com футболбози тоҷик изҳор доштааст, ки аз ҷанг дар Украина ҳарос надорад.

“Ин вариантро рад карда наметавонистам. Агар тақдир ҳамин бошад, пас бигзор ҳамин хел бошад. Худо хоҳад, ба наздикӣ ҳамааш хуб мешавад", – гуфтааст ӯ.

Барои пазироии самимӣ ӯ ба даста изҳори миннатдорӣ намуда, дар бораи чӣ гуна ба ин ҷо омаданаш гуфтааст:

“Вақте гуфтанд, ки чунин як дастаи бузург ба ман таваҷҷӯҳ дорад, ин ғайричашмдошт, вале хеле хубу гуворо буд. Дарҳол ба волидонам занг задам: ҳама хурсанд шуданд — оила, бародарону хоҳарон. Ин як эҳсоси аҷиб аст. То ҳол бовар карда наметавонам!”, – ҳикоят кардааст Хусрав.

Портали Transfermarkt-и Олмон нархи бозингарро ҳамагӣ 150 ҳазор евро арзёбӣ намуда, лекин бо гузаштан ба дастаи бештар касбӣ, ӯ имкон пайдо мекунад, ки арзиши худро дар бозори футболи Аврупо боло бардорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.