Селексионерони Тоҷикистон тухмии гандумеро ихтироъ карданд, ки дар як сол ду ҳосил медиҳад

Навъи нави гандум, ки номи «Тобистона»-ро гирифтааст, дар натиҷаи корҳои чандинсолаи селексионӣ (тухмипарварӣ) ихтироъ шудааст. Таҳқиқот дар пойгоҳи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузаронида шудааст. Тавре ки доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев нақл мекунад, зимни корҳо олимон аз навъи маҳаллии «Сурхаки маҳаллӣ» истифода бурдаанд, ки аз замонҳои қадим дар минтақаҳои […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Навъи нави гандум, ки номи «Тобистона»-ро гирифтааст, дар натиҷаи корҳои чандинсолаи селексионӣ (тухмипарварӣ) ихтироъ шудааст. Таҳқиқот дар пойгоҳи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузаронида шудааст.

Тавре ки доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев нақл мекунад, зимни корҳо олимон аз навъи маҳаллии «Сурхаки маҳаллӣ» истифода бурдаанд, ки аз замонҳои қадим дар минтақаҳои кӯҳии кишвар дар баландии 1500–2000 метр кишт мешавад.

Ин навъ ба шароити сахти иқлим мутобиқати хуб дошта, барои офаридани шакли нав ва устувортари гандум заминаи асосӣ гардидааст.

Ба гуфтаи Партоев, гандуми навъи «Тобистона» на танҳо тезпаз аст, балки ҳосилнокии баланд низ дорад.

«Ба мо муяссар шуд, ки дар давраи як соли парвариш дар заминҳои обёришавандаи водии Ҳисор ба гирифтани ду ҳосил — то 9 тонна зироати ғалла аз як гектар ноил гардем», — шарҳ медиҳад олим.

Ин ба туфайли хусусиятҳои генетикии навъ имконпазир шуд, ки ба хушксолӣ, бемориҳо ва ҳашароти зараррасон тобовар буда, онро барои тағйирёбии иқлим мувофиқ месозад.

Муаллифи дигари ин навоварӣ — Бахтовар Сатторов, олими Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, зикр мекунад, ки кишт ҳам дар фасли тирамоҳ (октябр ва ноябр) ва ҳам дар фасли тобистон (июл) гузаронида шудааст.

Тухмӣ бо усули қаторӣ бо хароҷоти 200 кг/га кишт шуда, ғизодиҳӣ бо селитраи аммиакӣ дар аввали баҳор сурат гирифтааст. Дар заминҳои обёришаванда обдиҳӣ мунтазам гузаронида мешуд: 4-5 маротиба дар кишти тирамоҳӣ ва 7-8 маротиба дар кишти тобистона.

Навъи нави гандум дар давраи кишти тирамоҳӣ натиҷаҳои беҳтаринро нишон дод.

Айни замон навъи нави гандуми «Тобистона» аз марҳилаи сертификатсия (тасдиқ)-и давлатӣ мегузарад. Тавре ки Партоев зикр мекунад, раванди тасдиқ вақтро талаб мекунад.

Ҳоло захираи тухмии ин навъ дар шароити озмоишгоҳ (лаборатория) маҳдуд аст, аммо олимон бовар доранд, ки дар оянда тухмии ин навъи гандум барои ҳамаи кишоварзони кишвар дастрас хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.