Муаррифии маҳсулоти Тоҷикистон дар AGRO PRO EXPO-2025-и Ӯзбекистон

Asia-Plus

Соҳибкорони Тоҷикистон молу маҳсулот ва хидматрасониҳои худро дар Намоишгоҳи 4-уми байнулмилалии кишоварзии AGRO PRO EXPO-2025, ки аз 25 то 27 феврал дар вилояти Самарқанди Ӯзбекистон мегузарад, муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар намоишгоҳ зиёда аз 100 ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистону Қазоқистон, Русия, Туркия, Эрон ва дигар кишварҳо ширкат меварзанд. Онҳо лоиҳаҳои пешрафта дар бахши кишоварзӣ ва маҳсулоту тамғаҳои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва ҷаҳониро муаррифӣ мекунанд.

Таҷҳизот барои корҳо дар замин, аз қабилу комбайну трактор, техникаи ҳосилғундорӣ, таҷҳизот барои ғизодиҳӣ бо нуриҳои минералӣ ва боз дигар чизҳо аз ҷумлаи ин маҳсулоту хидматрасониҳо мебошанд.

Намояндагони Тоҷикистон дар машваратҳои корӣ ва вохӯриҳо дар бахшҳои гуногуни  кишоварзӣ низ ширкат варзида, ҷиҳати табодули таҷриба, дарёфти шарикони нав, азхудкунии техникаи кишоварзӣ ва дигар навгониҳо дар ин соҳа имкон пайдо мекунанд.

Муовини директор оид ба инноватсияҳо, доктори илмҳои кишоварзӣ Далер Бобоев ва менеҷери ҶДММ “Сифати аср” Зафар Исломзода бо директори тиҷоратии ширкати “Щёлково Агрохим Узбекистан” Ирина Калинина ва директори генералии DJ Бахтиёр Шукруллоев дар шакли В2В дидору гуфтушунид карда, дар ҷараёни он масъалаи интиқоли паҳподҳо ё худ ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо) барои истифода дар бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

AGRO PRO EXPO-2025 – намоишгоҳи бузургмиқёси кишоварзӣ аст, ки дар он мошин ва таҷҳизоти кишоварзӣ, технологияҳои пешрафта, қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаи кишоварзӣ, навъҳои гуногуни системаҳои обёрӣ, системаҳои худкор (автоматӣ)-и хоҷагиҳои фермерӣ, инчунин дигар технологияҳои муосир дар бахши кишоварзӣ пешниҳод мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...