Футболбозони тоҷик дар сафи гаронтаринҳои Суперлигаи Ӯзбекистон

Дар Суперлигаи Ӯзбекистон теъдоди футболбозони тоҷик зиёд шуда, бархе аз онҳо ба гаронтарин дар сафи легионерҳо (бозингарони хориҷӣ) шомил шуданд. Дар мавсими соли ҷорӣ дар мусобиқаи Супрелигаи футболи ин кишвар 72 легионер аз 21 кишвари хориҷӣ иштирок мекунанд: Сербия (12 бозингар), Бразилия (8), Гурҷистон (7), Русия (6), Черногория (6) ва Тоҷикистон (6). 30 намояндаи дигар […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар Суперлигаи Ӯзбекистон теъдоди футболбозони тоҷик зиёд шуда, бархе аз онҳо ба гаронтарин дар сафи легионерҳо (бозингарони хориҷӣ) шомил шуданд.

Дар мавсими соли ҷорӣ дар мусобиқаи Супрелигаи футболи ин кишвар 72 легионер аз 21 кишвари хориҷӣ иштирок мекунанд: Сербия (12 бозингар), Бразилия (8), Гурҷистон (7), Русия (6), Черногория (6) ва Тоҷикистон (6). 30 намояндаи дигар кишварҳо бори нахуст дар чемпионати Ӯзбекистон ширкат меварзанд.

Дастаҳои АГМК, «Бунёдкор», «Бухоро» ва «Динамо» теъдоди иҷозашуда (лимит) ба легионерҳоро пурра истифода бурданд. Ҳамагӣ 1 легионер ба дастаҳои «Шӯртан» ва «Машъал» омаданд. Намояндагии легионерҳо аз рӯи мавқеъ чунин аст:  дарвозабон – 4 нафар, ҳимоятгар – 20, нимҳимоятгар – 26, ҳамлагар – 21.

Пас аз баста шудани равзанаи давраи гузариш (трансферное окно) рӯйхати гаронтарин легионерҳои Суперлигаи Ӯзбекистон низ маълум шуд (мувофиқи маълумоти портали Transfermarkt). Даҳгонаи беҳтаринҳо иборат аст аз:

1. Люпче Дориев («Суғдиён») – 1 200 000 евро;

2-3. Ислом Машуков («Андиҷон») – 750 000 евро, Владимир Йовович («Нефтчӣ») – 750 000 евро;

4. Зоир Ҷӯрабоев («Суғдиён») – 700 000 евро;

5-9. Эҳсони Панҷшанбе («Суғдиён») – 600 000 евро, Башар Ресан («Пахтакор») – 600 000 евро, Фламарион («Пахтакор») – 600 000 евро, Йован Жокич («Нефтчӣ») – 600 000 евро, Зоран Марушич («Нефтчиӣ) – 600 000 евро;

10. Брайан Риаскос («Пахтакор») – 550 000 евро.

Ба сурати умум, имсол теъдоди футболбозони Тоҷикистон дар Суперлигаи ин кишвар афзуд. Чанде пеш ҳамлагари 18-солаи тоҷик Азиз Муродов, ки қаблан дар дастаи “Эсхата” бозӣ мекард, ба ҳайати тими “Сурхон” гузашт.

Ҳимоятгари марказии мунтахаби Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоеви 26-сола, ки муддати се сол инҷониб дар Суперлигаи Ӯзбекистон бозӣ мекунад, ба сифати агенти озод дастаи “Нефтчӣ”-и Фарғонаро ба тими “Суғдиён”-и Ҷиззах иваз кард.

Манучеҳр Сафаров низ тими “Нефтчӣ”-ро тарк кард. Боз як ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон акнун дар дигар даста – “Динамо”-и Самарқанд бозӣ мекунад.

Ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Далер Шарипов дастаи “Металлург”-ро тарк карда, ба ҳайати дастаи "Шӯртан" гузашт.

Нимҳимоятгар Эҳсони Панҷшанбе бозиашро дар “Суғдиён”-и Ҷиззах идома медиҳад. Ӯ пас аз тарки “Истиқлол”-и Душанбе ба сифати агенти озод акнун дар дастаи “Суғдиён”-и Ҷиззах ҳунарнамоӣ мекунад.

Ҳамлагар Шаҳром Самиев соли гузашта ба Суперлигаи Ӯзбекистон омада, дар тими “Андиҷон” бозӣ мекунад. Қарордод бо футболбоз то 31 декабри соли 2025 имзо шудааст. Зимистони ҳамин сол дастаи “Хоразм” ӯро ба иҷора гирифт.

Ҳамчунин мураббиёни тоҷик низ дар Ӯзбекистон кор мекунанд. Дар “Нефтчӣ” Виталий Левченко мураббигӣ карда, ёваронаш низ тоҷикистониҳо мебошанд – Анвар Норқулов ва Фаррух Бердиев. Дар дастаи “Хоразм” мутахассиси тоҷик Ҳаким Фузайлов ба сифати сармураббӣ машғули кор аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.