Муаррифии маҳсулоти Тоҷикистон дар AGRO PRO EXPO-2025-и Ӯзбекистон

Соҳибкорони Тоҷикистон молу маҳсулот ва хидматрасониҳои худро дар Намоишгоҳи 4-уми байнулмилалии кишоварзии AGRO PRO EXPO-2025, ки аз 25 то 27 феврал дар вилояти Самарқанди Ӯзбекистон мегузарад, муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд хабар медиҳад. Дар намоишгоҳ зиёда аз 100 ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистону Қазоқистон, Русия, Туркия, Эрон ва дигар кишварҳо […]

Asia-Plus

Соҳибкорони Тоҷикистон молу маҳсулот ва хидматрасониҳои худро дар Намоишгоҳи 4-уми байнулмилалии кишоварзии AGRO PRO EXPO-2025, ки аз 25 то 27 феврал дар вилояти Самарқанди Ӯзбекистон мегузарад, муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар намоишгоҳ зиёда аз 100 ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистону Қазоқистон, Русия, Туркия, Эрон ва дигар кишварҳо ширкат меварзанд. Онҳо лоиҳаҳои пешрафта дар бахши кишоварзӣ ва маҳсулоту тамғаҳои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва ҷаҳониро муаррифӣ мекунанд.

Таҷҳизот барои корҳо дар замин, аз қабилу комбайну трактор, техникаи ҳосилғундорӣ, таҷҳизот барои ғизодиҳӣ бо нуриҳои минералӣ ва боз дигар чизҳо аз ҷумлаи ин маҳсулоту хидматрасониҳо мебошанд.

Намояндагони Тоҷикистон дар машваратҳои корӣ ва вохӯриҳо дар бахшҳои гуногуни  кишоварзӣ низ ширкат варзида, ҷиҳати табодули таҷриба, дарёфти шарикони нав, азхудкунии техникаи кишоварзӣ ва дигар навгониҳо дар ин соҳа имкон пайдо мекунанд.

Муовини директор оид ба инноватсияҳо, доктори илмҳои кишоварзӣ Далер Бобоев ва менеҷери ҶДММ “Сифати аср” Зафар Исломзода бо директори тиҷоратии ширкати “Щёлково Агрохим Узбекистан” Ирина Калинина ва директори генералии DJ Бахтиёр Шукруллоев дар шакли В2В дидору гуфтушунид карда, дар ҷараёни он масъалаи интиқоли паҳподҳо ё худ ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо) барои истифода дар бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

AGRO PRO EXPO-2025 – намоишгоҳи бузургмиқёси кишоварзӣ аст, ки дар он мошин ва таҷҳизоти кишоварзӣ, технологияҳои пешрафта, қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаи кишоварзӣ, навъҳои гуногуни системаҳои обёрӣ, системаҳои худкор (автоматӣ)-и хоҷагиҳои фермерӣ, инчунин дигар технологияҳои муосир дар бахши кишоварзӣ пешниҳод мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.