Тафсилоти ҳодисаи кордзании духтарчаи 8-сола аз ҷониби як мард дар Панҷакент

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Милитсияи Суғд тафсилоти кордзании мардеро, ошкор кардааст, ки дар натиҷа, ноболиғи 8-сола захмӣ шуд. Гап сари марде меравад, ки навори ба шиками як духтарча бо корд задани ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва боиси вокуниши зиёди корбарон гардида буд. Ин ҳодиса рӯзи 16-уми феврал дар дохили бозори марказии шаҳри Панҷакент рух дода буд.

Мақомот аз гумонбар Ҷамшед Бобомуллоев ном бурда гуфтааст, ки “дар ҷинояти содиршуда хислати бераҳмӣ ва бадбинӣ нисбати ҷамъият ва ҳаёти инсон ҷой дорад”

“Даруни бозор даромадам, корд гирифтам як духтарча аз пешам мегузашт дар назарам шум тофт задаму гузаштам”,-гуфтааст гумонбар.

Гуфта мешавад, ки ҳоло вазъи саломатии духтарбача хуб аст. То ҳол  назари волидайни ин духтар нисбат ба ин ҳодиса маълум нест.

Ба иттилои мақомот Ҷамшед Бобомуллоев қаблан дар соли 2009 барои содир кардани ҷиноятҳои ахлоқӣ бо моддаҳои 138 ва 139 ва барои таҳдид ба куштор бо моддаи 120-и Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст.

Номбурда моҳи октябри соли 2024 баъди адои ҷазо аз муассисаи ислоҳӣ озод шудааст. Мақомот мегӯяд, ки гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ёдрас мешавем, ки Вазорати корҳои дохилаи кишвар қаблан иттилоъ дода буд, ки алайҳи Ҷамшед Бобомуллоев бо ду иттиҳом – сӯиқасд ба куштор (моддаи 32, қисми 3) ва одамкушӣ (моддаи 104, қисми 2) парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ кардааст.

Қаблан дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки гумонбаршаванда сокини ҷамоати Шинги Панҷакент буда, ҳангоми ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Дар ин шуъба гуфта буданд, ки духтарча баъди корд хӯрдан ба беморхона интиқол ёфта, рӯзи 18-уми феврал аз бемористон рухсат шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...