Боздошти як марди 53-сола бо гумони бо корд захмӣ кардани духтари 8-сола дар Панҷакент

Марде, ки навори бо корд ба шиками як духтарча задани ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва боиси вокунишҳои зиёде шуд, боздошт гардидааст. Ба гуфтаи мақомот, ӯ замоне ба шиками духтарчаи 8-сола бо корд зад, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт. Ҳодисаро аз Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент ба "Азия-Плюс" шарҳ дода гуфтанд, ки он тарқибан […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Марде, ки навори бо корд ба шиками як духтарча задани ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва боиси вокунишҳои зиёде шуд, боздошт гардидааст. Ба гуфтаи мақомот, ӯ замоне ба шиками духтарчаи 8-сола бо корд зад, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт.

Ҳодисаро аз Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент ба "Азия-Плюс" шарҳ дода гуфтанд, ки он тарқибан соати 10:00 рӯзи 16-уми феврал дар дохили бозори марказии шаҳри Панҷакент рух дод.

Дар ин навор дида мешавад, ки як мард дар назди бозори Панҷакент духтареро, ки ҳамроҳи модараш аз канори роҳ мегузарад, бо корд мезанад. Баъд аз он ки духтар фарёд мезанад, модараш огоҳ мешавад, ки ӯ захмӣ шудааст.

“Хушбахтона, кӯдак зарари ҷиддӣ набардошт ва ба ӯ ёрии тиббӣ расонида шуд. Ӯ ҳамоно ба беморхона интиқол гардида, рӯзи дуюм (18-уми феврал) аз бемористон рухсат ёфт”, – гуфтанд аз ШВКД Панҷакент.

Аз ин ниҳод гуфтанд, субҳи имрӯз, 19-уми феврал гумонбари ин ҳамала, марди 53-сола, сокини ҷамоати деҳоти Шинги шаҳр, ки қаблан низ ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд, боздошт гардидааст.

“Тавре маълумоти пешакӣ нишон медиҳанд, ҳангоми ин ҳодиса ӯ дар ҳолати мастӣ қарор дошт. Ҳоло таҳқиқот идома дорад ва масъалаи мурофиаи ҳуқуқӣ дар бораи он ки бо кадом моддаи қонун ӯро муҳокима мекунанд, ҳал мешавад”, – гуфтанд аз шуъбаи милитсияи Панҷакент.

Ҳоло назари волидайни ин духтар нисбат ба ин ҳодиса маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, дида мешавад, ки марде бебаҳона дар дохили бозор ба шиками як духтар бо корд мезанад ва ором аз паҳлӯи ӯ гузашта меравад. Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши корбаронро ба бор овард ва аксаран аз мақомот талаб карданд, ки ин мард боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио