Интихоботи парлумонии Тоҷикистонро беш аз 150 нозири ИДМ назорат мекунанд

Интихоботи парлумонии Тоҷикистонро 157 нозири Иттиҳоди давлатҳои мустақил назорат мекунанд. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” бо такя ба Леонид Анфимов, муовини якуми Котиби генералии ИДМ, ки миссияи мушоҳидони ИДМ-ро дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, хабар додааст. Ӯ таъкид кардааст, ин ҳайат аз 8-уми феврали соли 2025 “фаъолияти озоду шаффофи худро барои мониторинги омодагӣ ба интихобот […]

Интихоботи парлумонии Тоҷикистонро 157 нозири Иттиҳоди давлатҳои мустақил назорат мекунанд. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” бо такя ба Леонид Анфимов, муовини якуми Котиби генералии ИДМ, ки миссияи мушоҳидони ИДМ-ро дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, хабар додааст.

Ӯ таъкид кардааст, ин ҳайат аз 8-уми феврали соли 2025 “фаъолияти озоду шаффофи худро барои мониторинги омодагӣ ба интихобот ба роҳ мондааст”.

Ёдрас мешавем, ки нозирони Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки қаблан интихобҳои Тоҷикистонро назорат мекарданд, имсол назорат намекунанд.

Ин созмон далели дасткашӣ аз назорати интихоботи парлумони дар 2-юми марти соли ҷориро “набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон”-аш унвон карда буд.

Дар ҳамин ҳол Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 11-уми феврал дар нишасти матбуотӣ сабаби иҷозаи назорат ё худ парвона нагирифтани нозирони САҲА дар интихоботи порлумонии Тоҷикистонро шарҳ дода, гуфт, “онҳо аз пеши худ таърихи сабтином муайян карданд”.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 2-юми март баргузор мешавад.

Ба ғайр аз Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки дар гузашта яке аз ҳизбҳои мухолифи ҳукумати кишвар гуфта мешуд, 6 ҳизби дигари сиёсӣ номзадҳои худро барои интихобот пешниҳод кардаанд. Ҳоло давраи сабти ном ба охир расида, раванди таблиғи номзадҳо идома дорад.

Ҳоло аз 63 курсии вакилӣ дар парлумон аксарашро ҳизби ҳоким-Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) соҳиб аст. Ҳизби аграрӣ 7 ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 5 вакил доранд. Ҳизби комунистӣ 2 вакил ва ҳизбҳои сотсиалистӣ 1 курсӣ доранд.

ҲСДТ, ки дар гузашта яке аз ҳизбҳои мухолиф шинохта мешуд, дар парлумон ҳеҷ гоҳ курсӣ надошт.

Ҳамаи ин ҳизбзҳо ошкору пинҳон аз ҳукумат ҷонибдорӣ мекунанд ва коршиносони мустақил мегӯянд, онҳо дар фазои сиёсии кишвар таъсири муассире гузошта наметавонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.