Ҳама хурсанд, ҳатто шикастхӯрда ҳам эътирозе надорад. Аввалин вокуниши роҳбарони ҳизбҳо ба натиҷаи пешакии интихобот

Asia-Plus

Роҳбарони аксар ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз натиҷаи интихоботи парлумонии ахир қаноатманданд. Ҳатто онҳое, ки ҳеҷ курсиеро дар парлумон соҳиб нашуданд, эътирозе надоранд.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки 2-юми март баргузор гардид, бо ғалабаи комили Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон поён ёфт. Ин ҳизб дар ҷамъ аз 63 курсии парлумон 49 кирсиро соҳиб шуд, ки ин ду курсӣ бештар нисбат ба парлумони даъвати пешин аст.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон 7 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 5 курсӣ, Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон яктогӣ курсии парлумонро соҳиб шуданд. Натиҷае, ки панҷ соли пеш ҳам сабт шуда буд.

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бори аввал натавонист ҳеҷ курсиеро дар парлумон соҳиб нашуд. Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ иштирок накард ва сабаби иштирок накарданашро ҳам шарҳ надод. Ин ҳизб ҳарчанд солҳои пеш дар интихобот иштирок мекард, аммо ҳеҷ гоҳ соҳиби мандат нашудааст.

 

Ғалабаи комил, такрори натоиҷ ва хоҳиши як курсӣ

Вақте натиҷаи интихоботи парлумонии ахир эълон мешуд, муовини якуми раиси ҲХДТ ва раиси ҲАТ паҳлӯи ҳам нишаста, кайфиати аъло ва суҳбати хуше доштанд.

Маълум буд, ки Маликшо Неъматзода, муовини якуми раиси ҲХДТ аз ғалабаи комил ва беҳтар кардани натиҷаи панҷ соли пеш, хушҳол аст. Мо натавонистем бо ӯ суҳбат кунем ва пурсем, ки аз ғалабаи комил қонеъ аст ва ё боз ҳам курсии бештар мехост. Иттифоқан, мо ба ӯ саволҳои зиёд доштем, ки ҳанӯз қабл аз интихобот мехостем пурсем, аммо бо баъзе сабабҳои барои мо номаълум ин саволҳои мо бепосух монд.

Аммо Рустам Латифзода, раиси ҲАТ, ки соҳи 7 курсӣ шуд, қаноатмандии худро пинҳон намекард ва гуфт, “ин райъи мардум аст, мо онро эҳтиром ва қабул мекунем”.

“Ин масъулияти моро пеши интихобкунандаҳоямон бештар мекунад, ки бештар кор кунем”, – гуфт ӯ.

Ӯ дар марҳалаи пешазинтихоботӣ дар мусоҳибаи худ ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки талош мекунанд дар парлумон ҳарчи бештар курсӣ ба даст оранд. Лекин, 7 курсӣ дар парлумон такрори натиҷаест, ки панҷ соли пеш ин ҳизб нишон дода буд.

Бо ин ҳам, Рустам Латифзода зикр кард, ки “интихобот мураттаб ба роҳ монда шуд ва натиҷаи интихоботи парлумониро хуб арзиёбӣ мекунад”.

Ғулом Ҳалимов, раиси тозаинтихоби ҲСТ, ки як курсии парлумонро соҳиб шуд, аз натиҷаи интихобот қаноатманд буд ва бо табъи болида гуфт, “мо овози зиёдтар интизор будем, лекин дар айни ҳол, дастоварди ҳозира ҳам бисёр натиҷаи назаррас мебошад ва мо аз натиҷа қаноатмандем”.

Ӯ, ки ҳамагӣ шаш моҳ пеш аз интихобот роҳбари ҲСТ шуд, дар марҳилаи пешазинтихоботӣ ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “шояд барои ҷомеа чеҳраи камошно бошам, аммо ман аз равандҳои сиёсии дохилу хориҷ хуб огоҳам ва таҷрибаи сиёсии ман кам нест. Аз ин лиҳоз, бовар дорам, мо натанҳо як курсиро дар парлумон ҳифз мекунем, балки талош менамоем, теъдоди вакилони мо бештар шавад”.

Баъди эълони натиҷаи овоздиҳӣ дар интихоботи ахир, ӯ ба хабарнигори “Азия-Плюс” бо ишора ба иддаои дар мусоҳибааш зикркарда гуфт, ки “дидед, тавонистем курсиро ҳифз кунем”.

Аммо нуктаи дигаре, ки ӯ зикр кард, талош ҷиҳати бештар кардани теъдоди вакилон буд. Чунин менамояд, ки ба таври бояд талош сурат нагирифтааст, зеро як курсӣ дар парлумон такрори натиҷаи панҷ соли пеш аст.

Шаҳбози Аброр, раиси ҲДТ, ки барояш дар парлумон як курсӣ дода шуд, низ ин натиҷаро бо назардошти вазъи кунунии ҳизбаш қаноатбахш арзёбӣ кард.

“Ҳарчанд мо интизориҳои бештар доштем, вале бо вазъе, ки ҳизби мо дар воқеият дорад, як курсӣ ҳам натиҷаи хуб аст. Натиҷаи кунунӣ барои мо таҷриба шуд, то дар интихобҳои оянда корро боз ҳам ҷоннок кунем ва фаъол бошем”, – гуфт Шаҳбози Аброр.

Мироҷ Абдуллоев, раиси ҲКТ, ҳарчанд дар интихоботи парлумонии ахир комилан шикаст хӯрд ва аз ду курсии қаблан дошта ҳам маҳрум шуд, аммо боз ҳам эътирозе надошт.

Ӯ танҳо хоҳиш дошт, ки барои ҳизбаш “дар парлумон ақаллан як курсӣ медоданд”.

Роҳбари ҲИИТ, ки дар парлумон соҳиби 5 курсӣ шуд, на пеш аз баргузории интихобот ва на баъди эълони натиҷаҳои овоздиҳӣ, нахост бо “Азия-Плюс” суҳбат кунад ва номаълум монд, ки дар бораи ин интихобот ва натиҷаи он чӣ андеша дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...