Нархи хӯрокворӣ дар рӯзҳои аввали моҳи Рамазон: аллакай боло мераванд

Asia-Plus

Дар ду моҳи аввали соли 2025 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас тағйир ёфт. Бино ба маълумоти Агентии омор, дар моҳи январи соли 2025 шохис (индекс)-и умумии нархҳои истеъмолӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ 100,6%-ро ташкил дод. Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 болоравии нарх ба сурати умум 3,6%-ро ташкил дод. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сатҳи таваррум дар кишвар муътадил боқӣ монда, лекин болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба назар мерасад.

Яке аз тағйироти назаррас гароншавии биринҷ аст. Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи он то 9,5% ва моҳи декабри соли 2024 0,5 боло рафтааст.

Гӯшти гову гӯсфанд низ ба таври назаррас – 25,% гарон шудааст.

Дар моҳи январи соли 2025 нархҳо аз ҳама зиёдтар ба равғани пахта (+20,5%), равғани офтобпараст (+9,3%), маҳсулоти ширӣ (+5,9%), аз ҷумла шир (+7,7%)  ва чакка (+2,1%) боло рафтанд.  

Дар байни сабзавот аз ҳама бештар карам (+47,0%), сабзӣ (+37,8%) ва сирпиёз (+22,2%) қимат шуданд.

Аммо баъзе маҳсулот арзон шуд. Дар гурӯҳи маснуоти нонӣ ва ярма (крупа) нархҳо ба андозаи 1,1% поин рафта, дар ҳамин ҳол марҷумак (гречка) ба андозаи 19,4% ва орд – 9,8% арзон шуд. Дар байни меваҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бахусус нархи лимӯ (-48,3%), ангур (-33,9%) ва банан (-5,1%) поин рафтааст.

Нархҳо ба маҳсулоти асосӣ вобаста ба сифати онҳо фарқ доранд. Мо нархҳои миёнаро меорем, ки рӯзи 3 марти соли 2025 дар бозору супермаркетҳои Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.

Дар охири моҳи Рамазон мо боз нархҳоро ба маҳсулоти дар боло зикршуда санҷида, чӣ гуна тағйирёбии онҳоро муқоиса мекунем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...