Тағйироти кадрӣ дар сохтори додситонӣ ва додгоҳӣ. Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навро ба ислоҳи камбудиҳо ва забондонӣ муваззаф кард

Mazhab

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 4-уми март як қатор кадрҳое, ки дар мақомоти додгоҳӣ ва додситонӣ ба вазифаҳои додрас, муовин, раиси додгоҳҳо ва сардори баъзе аз раёсатҳои Додситонии кулл, додситонии бархе шаҳру ноҳияҳо таъин гардидаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтааст.

Хадамоти матбуотии раиси ҷумҳур хабар медиҳад, ки бо фармонҳои алоҳидаи президент “раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судяҳо, раисони суди як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъин гардиданд”.

Ҳамчунин, дар мувофиқа бо президент, додситонҳои шаҳри Норак, ноҳияи Айнӣ, ноҳияи Исмоили Сомон, додситони назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии Додситони кулли, ин додситон дар вилояти Хатлон ва сардорони як қатор раёсатҳо ва шуъбаи дастгоҳи марказии Додситони кулл “аз ҳисоби кадрҳои ҷавону пуртаҷриба таъин карда шуданд”.

Манбаъ менависад, ки “аксари онҳое, ки имрӯз дар мақомоти судӣ ва прокуратура таъин шуданд, кадрҳои ҷавону корозмуда мебошанд”.

Хадамоти матбуотӣ навиштааст, ки ҳамчунин, дар мақомоти додгоҳи бонувону духтарон ба вазифаҳо таъин шуданд.

“Аз шумораи умумии кадрҳои навтаъингардида 65 нафарашон ба ҳайси судя-коромӯз бори аввал ба вазифаи судя таъин карда шуданд”,-омадааст дар хабар.

Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи камбудиҳо, аз ҷумла риояи муҳлати баррасии парвандаҳо, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун дар назди кадрҳои навтаъиншуда вазифаҳои мушаххас гузоштааст.

Президент ба роҳбарони масъули соҳаҳо супориш додааст, ки ба масъалаҳои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо, инчунин, андешидани чораҳои қатъӣ барои пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба додрасҳо барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ ду сол муҳлат додааст.

Дар Тоҷикистон беш аз 400 додрас амал мекунад, ки онҳо бо фармони президент таъин ва озод мешаванд.

Шикоятҳо дар бораи фаъолияти додрасҳо, махсусан фасодкории онҳо дар ҷомеа кам нест.

Худи Эмомалӣ Раҳмон чанд маротиба аз кори додрасҳо дар кишвар интиқод кардааст. Аз ҷумла, рӯзи 5-уми декабри соли гузашта дар мулоқот бо додрасҳои тоҷик аз фаъолияти онҳо сахт интиқод карда гуфт, ки аз ҳама бештар аз кори онҳо шикоят дастрас мекунанд.

Раисҷумҳур аз ҷиноятҳои додрасҳо, махсусан фасодкорӣ нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, дар 10  соли охир, (2014-2024) нисбати 45 додрас, муовин ва раиси додгоҳ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ ва онҳо зиндонӣ ё аз сафи додгоҳ ронда шудаанд. Ба таъкиди ӯ, дар ин давра дар маҷмуъ, 107 корманди мақомоти додгоҳӣ даст ба ҷиноят задаанд, ки асосан фасодкорӣ будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...