Дар фурудгоҳи Душанбе бо муҳоҷирон доир ба терроризму ифротгароӣ суҳбат гузаронида шуд

Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе бо муҳоҷирони корие, ки ба Русия сафар доштанд, доир ба мавзӯи терроризму ифротгароӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Тавре ки Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар рафти вохӯрӣ байни намояндагони хадамоти гумрук, мақомоти додситонӣ, хадамоти марзбонӣ, хадамоти амнияти фурудгоҳ ва муҳоҷирон мавзӯъҳои муҳим, аз ҷумла донистани забони русӣ, мақсади сафари муҳоҷирон ба […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе бо муҳоҷирони корие, ки ба Русия сафар доштанд, доир ба мавзӯи терроризму ифротгароӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Тавре ки Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар рафти вохӯрӣ байни намояндагони хадамоти гумрук, мақомоти додситонӣ, хадамоти марзбонӣ, хадамоти амнияти фурудгоҳ ва муҳоҷирон мавзӯъҳои муҳим, аз ҷумла донистани забони русӣ, мақсади сафари муҳоҷирон ба Русия ва мавҷудияти ҷойи кору истиқомати муваққатӣ баррасӣ шуданд.

“Ҳамзамон масъулин муҳоҷиронро аз хатарҳои терроризм ва экстремизм огоҳ намуда, онҳоро ба ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ даъват карданд, – омадааст дар хабар. – Зикр гардид, ки гурӯҳҳои ифротӣ бо мақсади ноором сохтани давлатҳо ва ангехтани низоъҳои мазҳабӣ фаъолият мебаранд, ки ин таҳдидро набояд нодида гирифт”.

Ба иттилои манбаъ, зикр шуд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар мубориза бо терроризм ва экстремизм саҳм гузорад, зиракии сиёсиро нигоҳ дорад ва барои таъмини амнияти миллӣ талош варзад.

Ба ҷавонон тавсия дода шуд, ки аз ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ худдорӣ кунанд ва ҳангоми истифодаи интернет эҳтиёткор бошанд, то маводи марбут ба ташкилотҳои мамнуъро мутолиа ва паҳн насозанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар фарҷом масъулин ба саволҳои мусофирон посух дода, онҳоро барои риояи қонунҳои кишвари худ ва кишварҳои мизбон ҳидоят намуданд.

Қобили зикр аст, ки қаблан низ дар фурудгоҳҳо барои муҳоҷироне, ки ба хона бармегаштанд ё ба кишварҳои дигар азми сафар доштанд, машваратҳо дода мешуд. Машваратҳо ба масоили марбут ба будубош, анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо ва тавсияҳои ҳуқуқӣ дахл доштанд.

Дар пайи манъи вуруд ва ихроҷи садҳо муҳоҷири кории тоҷик аз Русия, мақомоти Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода, дар фурудгоҳҳои кишвар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба ватан бармегарданд ё мақсади сафар доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Аз 1 майи соли 2024 гурӯҳи корӣ ба навбатдории шабонарӯзӣ дар фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб оғоз намуда, ба муҳоҷирон тағйирот дар қонунгузории Русия, чӣ гуна дуруст ҷавоб додан ба саволҳои марзбонон, масоили марбут ба патенту қайди муваққатиро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Ғайр аз ин, ба шаҳрвандон зарурати донистани забону арзишҳои фарҳангии кишвари қабулкунанда хотиррасон гардида, инчунин шаҳрвандон аз амалҳои эҳтимолии ғайриқонунӣ, гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро ва хатари пайвастан ба онҳо огоҳ карда мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.