Як Эътилофи байналмилалӣ аз мақомоти Тоҷикистон озодии Рухшона Ҳакимоваро хост

Asia-Plus

Эътилофи байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар (The Observatory for the Protection of Human Rights Defenders) ҳукми 8 соли зиндони рӯзноманигори ҷавони тоҷик Рухшона Ҳакимоваро маҳкум карда, аз мақомоти Тоҷикистон талаб  кардааст, ки ӯро “фавран ва бе ягон шарт” озод кунанд.

Дар изҳороти ин Эътилофи иборат аз Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа ва Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки рӯзи 3-юми март нашр гардид, зикр шудааст, ки “таъқиб, ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ ва боздошти худсаронаи Рухшона Ҳакимова барои иштирокаш дар баргузории пурсиши ҳассоси сиёсӣ дар бораи нуфузи Чин дар Тоҷикистон сурат гирифт”.

Муаллифони гузориш навиштаанд, ин пурсиш “барои созмони ҷамъиятии қирғизии “Барометр” гузаронида шудааст” ва “дар он мусоҳибаҳо бо чеҳраҳои сиёсӣ, ки бахше аз мухолифин ҳастанд ва бо фишори афзояндаи мақомоти Тоҷикистон низ рӯбарӯ шудаанд, гирифта шудааст”.

“Хонум Ҳакимова расман ба “хиёнат ба давлат” бар асоси моддаи 305-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мешавад. Ин иттиҳом як ҷузъи таҳқиқи васеътари табаддулоти давлатӣ аст, ки далели мӯътамад надорад ва зоҳиран барои хомӯш кардани садоҳои интиқодӣ ва мухолифон сӯиистифода шудааст”,- омадааст дар изҳорот.

Муаллифон махфӣ будани парванда ва пушди дарҳои пӯшида гузаштани мурофиаҳои додгоҳиро далели поймол кардани адолат, ношаффоф гузаштани тафтишот ва ғаразнок будани мурофиаҳои додгоҳӣ алайҳи рӯзноманигор ҳисобидаанд.

“Айни ҳол Ҳакимова бо фарзандонаш, ки яке 2,5 сола ва дигарӣ 9-моҳа ҳастанд, иҷозаи тамосро надорад. Замони боздошт ӯ ҳанӯз кӯдаки хурдиашро шир медод. Модараш барои овардани тифли навзод ба боздоштгоҳ иҷозат хост, аммо мақомот инро рад карданд. Додгоҳ мақоми модарии ӯро ба эътибор нагирифтааст ва дороии Ҳакимова мусодира шуда, вазъи молии пайвандонаш бад шудааст”,- гуфта шудааст дар изҳорот.  

Эътилофи байналмилалии “The Observatory for the Protection of Human Rights Defenders” аз мақомоти Тоҷикистон озодии фаврӣ ва беқайду шарти Рухшона Ҳакимоваро талаб карда, хостааст, ки ба ҳуқуқҳои ӯ, аз ҷумла “мақоми модариашро эҳтиром кунанд ва ҳуқуқи кӯдаконашро ба назар бигиранд”.

Қаблан, Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) ва Созмони байналмилалии Гузоришгарони бидуни марз (RSF) низ ҳукми 8 соли зиндони Рухшона Ҳакимоваро маҳкум карда, аз мақомоти Тоҷикистон озодии ӯро талаб карда буданд.

 

Рухшона Ҳакимова чаро зиндонӣ шуд?

Рухшона Ҳакимоваи 31-сола, ки 2 кӯдаки хурдсол, яке 9-моҳа ва дигари 2-сола дорад, барои “ҳамиштирокчӣ дар ҷинояти хиёнат ба давлат бо истифода аз мақоми хизматӣ” (моддаи 305, қисми 2, банди “в”) гунаҳкор гардид.

Бар зидди Рухшона Ҳакимова моҳи июни соли 2024 парванда боз шуд ва то мурофиаи додгоҳӣ, ӯ бо далели доштани ду кӯдаки хурдсол дар озодӣ буд, аммо ҳамаи аснодаш мусодира ва ҳаққи тарки ҷойи зисташро надошт. Пас аз содир шудани ҳукм, рӯзи 5-уми феврал Рухшона Ҳакимова аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.

Худи ӯ ин иттиҳомро рад кардааст.

Ҳукми ӯ вокунишҳои созмонҳои байналмилалӣҷомеаи рӯзноманигорӣ ва фаъолони шаҳрвандиро дар пай овард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Бисёре аз корбарон, бо ишора ба муқаррароти моддаи 78-и Кодекси ҷиноятӣ (мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбати занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони то синни ҳаштсола доранд) талаб карданд, ки бо дарназардошти кӯдаки ширхӯр доштанаш, иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шавад.

Раиси нави Додгоҳи олӣ рӯзи 13-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз вокуниши корбарон дар робита ба ҳукми Ҳакимова хабар дорад, вале қонунгузорӣ ба таъхир гузоштани иҷрои ҳукми “ҷиноятҳои махсусан вазнин”-ро пешбинӣ намекунад.

Вакили дифои Рухшона Ҳакимова рӯзи 18-уми феврал дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ ба зинаи кассатсионӣ шикоят карда, бар асоси муқаррароти моддаи 71-и Кодекси ҷиноӣ, ки шартан татбиқ накардани ҷазоро пешбинӣ мекунад, озодии зерҳимояашро тақозо кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Рухшона Ҳакимова фаъолияти касбии худро соли 2013 оғоз карда дар як қатор расонаҳо, созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон кор кардааст. Барои саҳми арзандааш дар рушди журналистикаи таҳлилӣ ва таҳқиқотӣ, Рухшона Ҳакимова бо Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Эътилофи бонувони журналист ва “Медиа-Алянс”-и Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...