Дар Ӯзбекистон зиёда аз 310 корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият доранд

То 1 феврали соли 2025 шумораи ширкату корхонаҳо бо сармояи хориҷӣ дар Ӯзбекистон ба 15 ҳазору 163 адад расид, иттилоъ медиҳад Агентии омори назди ҳукумати ин кишвар. Аз ин шумор тақрибан 5,4 ҳазор ширкат бо ҷалби сармоягузориҳо аз дигар кишварҳои ИДМ таъсис ёфтаанд. Се кишвари пешсаф аз лиҳози сармоягузорӣ дар байни давлатҳои ИДМ – Русия, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

То 1 феврали соли 2025 шумораи ширкату корхонаҳо бо сармояи хориҷӣ дар Ӯзбекистон ба 15 ҳазору 163 адад расид, иттилоъ медиҳад Агентии омори назди ҳукумати ин кишвар. Аз ин шумор тақрибан 5,4 ҳазор ширкат бо ҷалби сармоягузориҳо аз дигар кишварҳои ИДМ таъсис ёфтаанд.

Се кишвари пешсаф аз лиҳози сармоягузорӣ дар байни давлатҳои ИДМ – Русия, Қазоқистон ва Тоҷикистон мебошанд. Айни замон 315 корхона ва ширкат дар Ӯзбекистон бо сармояи Тоҷикистон фаъолият доранд.

Тибқи маълумоти Агентӣ, охирин чунин корхона дар моҳи январи соли ҷорӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамагӣ танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ шумораи субъектҳои нави фаъолияти иқтисодӣ бо сармояи хориҷӣ дар Ӯзбекистон 292 адад ё худ 2% зиёд шудааст.

Қобили зикр аст, ки шумораи корхонаҳо бо сармояи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар дастрасии кушод нест. Тибқи баъзе маълумот, дар ҷумҳурӣ ҳудуди 70 чунин корхонаҳо ба қайд гирифта шудааст.

Қаблан Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон хабар дода буд, ки дар қаламрави дигар кишварҳо зиёда аз 370 корхонаи муштарак амал мекунанд, ҳарчанд ҳанӯз дар соли 2017 шумори онҳо ҳамагӣ 17 ададро ташкил медод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.