Душанбе ва Тошканд дар Помир корҳои иктишофи геологӣ мегузаронанд

Asia-Plus

Дар Душанбе аввали ҳафтаи равон роҳбарияти Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон бо ҳайати Вазорати саноати кӯҳӣ ва геологияи Ӯзбекистон дидору гуфтушунид кард.

Ба иттилои Саридораи геологияи ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ масоили баргузор кардани корҳои муштараки иктишофи геологӣ барррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷонибаи соҳаи геология, корҳои муштараки иктишофи геологӣ, рақамикунонии маводи геологӣ ва пешниҳоди ҳисоботи оморӣ 5gr-6gr дар формати электронӣ ва онлайнӣ мавриди бюаррасӣ қарор гирифтанд.

 Ҳамчунин ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории муштарак дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки сафари ҳайати кишвари ҳамсоя то 8-уми март идома ёфта, дар доираи он меҳмонон аз ташхисгоҳҳои геологӣ ва Осорхонаи геологӣ боздид  мекунанд. Инчунин, дар доираи сафар имзои протоколи ҳамкорӣ дар назар дошта шудааст.

Таваҷҷуҳи Тошканд ба омӯзиши қаъри замини Тоҷикистон

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи геология аз имзои созишномаи байниҳукуматӣ дар соли 2018 оғоз ёфтааст. Дар доираи ин созишнома ҷонибҳо аллакай таҳқиқоти муштаракро дар манотиқи наздисарҳадӣ оғоз намуда, инчунин мубодилаи маълумоти илмӣ ва технологияҳоро ба роҳ мондаанд. Омӯзиши конҳои нафту газ, маъданҳои сурбу руҳ ва фосфорит, инчунин ҷустуҷӯи обҳои зеризаминӣ аз самтҳои афзалиятнок  ба шумор мераванд.

Ҳайати Вазорати саноати кӯҳӣ ва геологияи Ӯзбекистон таҳти роҳбарии вазир Бахтиёр Исломов тирамоҳи соли 2024 дар кори Форуми байнулмилалии сармоягузории кӯҳкорӣ ва металлургия дар Душанбе иштирок кард. Он замон ҷониби Тоҷикистон бо намояндагони Ӯзбекистон дурнамои баргузор намудани корҳои муштараки иктишофи геологиро дар ВМКБ баррасӣ карданд.

Ғайр аз ин, ба масоили рақамисозии маълумоти геологӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Айни замон Тоҷикистон корҳои рақамисозии харитаи геологии кишварро дар миқёси 1:200000 ба охир мерасонад. Ин ба пешгӯии пурсамари канданиҳои фоиданок ва тарҳрезии корҳои истихроҷ имкон медиҳад. Ӯзбекистон ҳамчунин ба таҳияи пойгоҳи ягонаи маълуомти геологӣ барои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...