Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Инак, 10 рӯз мешавад моҳи Рамазон шурӯъ шудааст ва мусулмонон давоми як моҳ рӯза медоранд. Рӯзадорӣ яке аз панҷ рукни асосии дини Ислом аст ва барои мусулмон доштани он фарз мебошад. Ба ин муносибат  “Азия-Плюс” аз Шӯрои уламои Тоҷикистон хост, ки ба 10 саволи муҳим дар робита ба моҳи Рамазон, ки ба ҳар мусулмон муҳим аст, посух диҳанд. Инак, посухи онҳоро манзури хонандагон мекунем.

 

– Рӯза гирифтан аз чандсолагӣ фарз мешавад?

– Рӯза гирифтан аз замони булуғ, яъне барои писар аз дувоздаҳсолагӣ ва барои духтар аз нуҳсолагӣ фарз мешавад.

– Дар моҳи Рамазон чӣ қадар вақт хобидан мумкин аст? Агар ин хоб боиси қазо шудани намоз шавад, чӣ ҳукм дорад?

– Чӣ миқдор хобидан дар моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби шариат муайян нашудааст, вале бидуни узр хоби бисёр рафтан, ки сабаби қазо шудани намоз гардад гунаҳгор мешавад. Инчунин, аз ҷиҳати танбалӣ ба намоз ва дигар корҳои нек эътибор надиҳад, гунаҳгор мегардад.

– Оё ҳангоми рӯзадорӣ пошидани атр (барои зану мард) мумкин аст?

– Оре, мумкин аст, алалхусус дар намозҳо боке надорад.

– Оё ҳангоми рӯзадорӣ дандон шустан мумкин аст?

– Мумкин аст, вале бе истифодаи хамираи дандоншӯӣ. Истифодаи хамираи дандоншӯӣ макрӯҳ аст, аммо истифода аз мисвоки табиӣ боке надорад.

 

– Агар дар моҳи рамазон мусалмон дандон канад, рӯзааш мешиканад?

– Агар дар вақти кандан сӯзандору истифода бурда шавад, рӯзааш мешиканад.

– Оё ҳангоми рӯзадорӣ ба худ сӯзандору гузаронидан ва истифода бурдани доруи қатраҳои чашм ҷоиз аст?

– Истифодаи доруи чашм рӯзаро намешиканад, аммо сӯзандору рӯзаро мешиканад.

– Оё дар моҳи Рамазон издивоҷ кардан мумкин аст? Дар моҳи Рамазон ҷимоъ дар кадом вақт иҷоза дода мешавад?

– Издивоҷ дар моҳи Рамазон дуруст аст, вале ҳамбистарӣ бо ҳамсар аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб дуруст нест.

– Мусулмоне, ки рӯзаро дар як кишвар оғоз карда, баъд ба кишвари дигар рафта бошад, дар сурати дар байни кишварҳо фарқияти вақт вуҷуд доштан, (яъне як рӯз пеш ё баъд шурӯъ шудани моҳи Рамазон) кай бояд ид кунад?

– Мусулмон дар ҳар кишваре, ки зиндагӣ кунад, ба суханони уламои ҳамон кишвар амал мекунад. Дар ин сурат бояд давомнокии рӯза аз 29 рӯз кам нашавад ва аз 30 рӯз зиёд нашавад.

– Оё ҳангоми рӯзадорӣ хун додан мумкин аст?

– Бале, хун додан дар ҳолати рӯза мумкин аст, ба шарте ки ба хундиҳанда зарар нарасад.

– Оё қай кардан (партофтан) рӯзаро мешиканад (агар шахс тасодуфан қай кунад)?

– Агар ба пурии даҳон қай кунад, рӯза мешиканад, дар акси ҳол рӯза дуруст аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...