Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Соли гузашта санъаткорон беш аз 4 миллиону 300 ҳазор сомонӣ андоз пардохт кардаанд. Дар ин бора аз Кумитаи андоз ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода гуфтанд, ба ҳолати 1-уми январи соли ҷорӣ 1570 санъаткоре, ки ба фаъолияти сарояндагӣ, навозандагӣ, раққосӣ, барандагӣ, банаворгирӣ дар ҷашну маъракаҳо ва истифодаи нақлиёти автомобилӣ дар базмҳои арӯсӣ машғуланд, дар қайди давлатӣ қарор доранд. Соли гузашта 395 санъаткор худро дар Кумитаи андоз номнавис кардаанд.

Аз Кумитаи андоз гуфтанд, ба ин рӯйхат гурӯҳҳои ҳунарӣ шомил нестанд. 1570 нафаре, ки зикр шуданд, ҳамчун соҳибкори инфиродӣ фаъолият мекунанд. Ҳамчунин беш аз 120 адад гурӯҳҳои ҳунариву эҷодӣ, аз ҷумла ансамблҳо ва гурӯҳҳое, ки дар назди Филармония, қасрҳои фарҳанг, кохҳои маданият фаъолият мекунанд, ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ номнавис шудаанд.

Ба иттилои ин ниҳод, андози ҳисобшудаи санъаткороне, ки ба фаъолияти дар боло зикршуда машғуланд, дар 12 моҳи соли гузашта 4 миллиону 551 ҳазору 400 сомониро ташкил дода, аз ин миқдор 4 миллиону 322 ҳазору 600 сомонӣ ба буҷет ворид шудааст. Андозаи маблағи ҳисобшуда дар соли 2024 нисбат ба соли пеш 1 миллиону 848 ҳазор сомонӣ ё 28 фоиз зиёд будааст.

Ба иттилои Кумитаи андоз, 1570 санъаткоре, ки дар қайди давлатӣ қарор дорад, аз рӯйи фаъолият чунин гурӯҳбандӣ мешаванд:

275 нафар – барои сарояндагӣ;

664 нафар – барои барандагӣ, навозандагӣ, раққосӣ ва банаворгирии ҷашну маъракаҳо;

228 нафар – барои истифодаи мошинҳо дар базмҳои арӯсӣ ва ороишот барои ҷашну маъракаҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ;

403 нафар – барои суратгирӣ ва наворбардории ҷашну маъракаҳо.

Ба иттилои ниҳоди масъул, ба ҳолати 1 январи соли 2025 ҳунармандон дар умум 1 миллиону 621 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздоранд. Танҳо сарояндагон 520 ҳазор сомонӣ қарзи андоз доштаанд.

Бояд гуфт, қарзи ҳунармандон аз андоз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 ҳазору 500 сомонӣ зиёд гардидааст.

 

“Сарояндагӣ бо ҳуҷҷати навозандагию раққосию барандагӣ”

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ҳанӯз баъзе санъаткорон худро ба сифати андозсупоранда дар мақомоти андоз расман ба қайд нагирифтаанд.

Ба маълумоти Кумитаи андоз, дар шаҳру ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Ҳисор, Рӯдакӣ, Турсунзода, Ваҳдат, Фархор, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Темурмалик, Кӯлоб, Бохтар, Вахш, Дӯстӣ, Қубодиён, Ёвон, Айнӣ, Гулистон, Панҷакент, Ҷаббор Расулов, Истаравшан, Бӯстон ва Шаҳристон ҳамагӣ аз 1 то 5 сароянда ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ки Кумита ин оморро ғайривоқеӣ ва далели фаъолияти ғайриқонунӣ медонад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар шаҳру ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Файзобод, Варзоб, Шаҳринав, Сангвор, Восеъ, Данғара, Ховалинг, Балҷувон, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритус, Левакант, Норак, Носири Хусрав, Мастчоҳ, Ванҷ, Дарвоз, Ишкошим ва Роштқалъа ягон нафар сароянда ба қайди давлатӣ гирифта нашудааст.

Ҳамарӯза баргузор шудани ҷашну маросим ва чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳру навоҳии номбурда далели фаъолияти ғайриқонунии санъаткорон ҳисобида мешавад. Кумитаи андоз баъди таҳлили фаъолияти баъзе ҳунармандон маълум кардааст, ки теъдоде аз сарояндагон барои фаъолияти навозандагӣ, раққосӣ ва барандагӣ дар ҷашну маъракаҳо ҳуҷҷат ба даст оварда, аммо бо сарояндагӣ машғул будаанд.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта Кумитаи андоз рӯйхати сарояндагони “андозгурез”-ро нашр карда буд. Дар байни онҳо сарояндагони номошно, аз ҷумла Сангалӣ Мирзоев, Ғолибҷон Юсупов ва дигар сарояндаҳои номдор низ буданд.

Аммо имсол, Кумита беш аз 200 сарояндаро аз андоз қарздор эълон карда, аммо номи онҳоро зикр накардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...