HRW аз Русия даъват кард, ки бегонаситезиро маҳкум ва аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоя кунад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) рӯзи 17 март гузоришеро нашр кард, ки дар он мақомоти Русияро ба маҳкум намудани бегонаситезӣ ва қабули тадбирҳо барои ҳимоя аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кард. Аз ҷумла, ин ҷо дар бораи хушунат, ҷудосозии этникӣ ва маҳдудиятҳои нави маъмурӣ сухан меравад, ки зиндагии муҳоҷиронро дар Русия душвор мекунад.

Сабабҳои муроҷиат

Пас аз ҳамлаи фоҷеабор ба толори консертии “Крокус Сити Холл” рӯзи 22 марти соли 2024, ки бар асари он 146 нафар ба ҳалокат расиданд, зодагони Осиёи Марказӣ ба айбдорӣ гумонбар дониста шуданд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки ин ба афзоиши рӯҳияи бегонаситезӣ дар ҷомеа ва пурзӯр шудани ҳолатҳои таъқиби муҳоҷирон боис гардид.

Дар гузориши HRW ҳолатҳои зиёди хушунат ва поймолкунии ҳуқуқҳои муҳоҷирон, аз ҷумла аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва гурӯҳҳои миллии тундугаро, ҳуҷҷатгузорӣ шудааст.

Яке аз навгониҳо талаботи супоридани имтиҳони донистани забони русӣ барои кӯдакони муҳоҷирон аст, ки барои таълими онҳо монеаҳои иловагӣ эҷод мекунад.  

Human Rights Watch — созмони байнулмилалии ғайриҳукуматӣ аст, ки аз ҳуқуқи инсон ҳимоя мекунад. Он тафтишот гузаронида, ҳолатҳои нақзи ҳуқуқро сабт мекунад ва барои риояи меъёрҳои байнулмилалӣ ба мақомот фишор меорад. HRW бо ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ ба мисли СММ ҳамкорӣ мекунад.

Рӯҳияи бегонаситезӣ ва саркӯбгарӣ

Аз оғози соли 2024 мақомоти Русия маҳдудиятҳо нисбати муҳоҷиронро зиёд карданд, аз ҷумла “рӯйхати шахсони таҳти назорат”-ро таҳия намуда, дар қонунгузорӣ оид ба иҷозаи ихроҷи муҳоҷирон бидуни қарори додгоҳ тағйирот ворид карданд.

Ҳамчунин назорат аз болои муҳоҷирон тақвият дода шуд, ки дастрасии садҳо нафарро ба хидматрасониҳои бонкӣ душвор кард.

Дар посух ба ин тағйирот HRW аз Русия даъват кард, ки ҳама гуна зуҳуроти беггонаситезӣ, аз ҷумла миёни шахсони мансабдорро маҳкум ва барои таъмини риояи ҳуқуқи муҳоҷирон тадбирҳо рӯйи даст гирад. Созмон инчнуин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки аз ҳимоями муҳоҷирон дар Русия дастгирӣ кунанд.

"Бо наздикшавии аввалин солгарди ҳамла ба 'Крокус Сити Холл' қалбҳоямон аз ҳисси ҳамдардӣ барои қурбониён ва хешовандони онҳо пур аст, — гуфтааст Сийнат Султоналиева, муҳаққиқ оид ба Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch ва муаллифи гузориш. — Аммо ин қатли даҳштанок наметавонад ба дар миқёси бузург риоя нашудани ҳуқуқи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия сабаб гардад”.

Ба ақидаи ӯ, “Русия бояд аз амнияти муҳоҷирон ҳифз карда, саҳми муҳими онҳоро дар иқтисоди кишвар эътироф намояд”.

Муҳоҷирон дар Русия

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки соли 2024 ҳудуди 3,3 млн нафар муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар Русия қарор доштанд. Иқтисоди Русия ба кори муҳоҷирон вобастагии зиёд дорад, аммо ахиран онҳо ба шароитҳои таҳдидовар, аз ҷумла хушунат аз ҷониби гурӯҳҳои миллии тундгаро ва боздоштҳои худсарона дучор мешаванд.  

HRW ҳамчунин аз ҳолатҳои зӯроварӣ ва помймолкунии ҳуқуқҳо аз ҷониби кормандони пулис ва шахсони мулкӣ, инчнуин қонунҳои нави маҳдудкунандаи ҳуқуқи муҳоҷирон хабар медиҳад.

Мақомоти Русия, аз ҷумла ваколатҳои пулисро васеъ карда, ба онҳо барои ихроҷи муҳоҷирон бидуни қарори додгоҳ иҷоза доданд, инчунин рӯйхати муҳоҷиронеро, ки муҳлати амали ҳуҷҷатҳояшон ба охир расидааст ё гузаштааст, тартиб доданд.

Human Rights Watch аз Русия даъват мекунад, ки сиёсати таҳаммулнопазирӣ ба бегонаситезӣ ва хушунатро қабул ва қонунҳоеро, ки ҳуқуқҳои муҳоҷиронро вайрон мекунанд, бекор кунад.

Созмон аз ҷомеаи байнулмилалӣ бо шумули СММ ва Иттиҳоди Аврупо даъват кардааст, ки барои ҳимоя аз ҳуқуқи муҳоҷирон фишор болои Русияро тақвият диҳанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 22 марти соли 2024 ба толори консертии “Крокус Сити Холл”, воқеъ дар вилояти Маскав ҳамлаи даҳшатнок сурат гирифта, бар асари он 146 нафар ҳалок ва боз 551 каси дигар осеб диданд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Вилояти Хуросон”, ки бо созмони террористии “Давлати исломӣ” робита дорад, ба дӯш гирифт.

Дар ҷараёни тафтишот ҳудуди 20 нафар боздошт шуданд, ки бисёре аз онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дар пайи ин амали террористӣ мақомоти Русия шароити кору будубоши муҳоҷирон, бахусус аз Тоҷикистонро вазнинтар карданд.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш Владимир Путин пас аз вохӯрӣ бо Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки “дар Русия ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва мо кӯшиш мекунем, ки барои онҳо дар кишвар шароити муносиби кор ва ҳифзи иҷтимоӣ фароҳам орем”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...