Файзалӣ Идизода раиси парлумони Тоҷикистон шуд

Дар нахустин иҷлосияи парлумони нав – даъвати ҳафтум, ки бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор гардид, Файзалӣ Идизода раиси парлумони Тоҷикистон интихоб шуд. Файзалӣ Идизода вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт буда, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ва бо раъйи ҳама вакилон раис интихоб гардид. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси пешини Додгоҳи олии Тоҷикистон муовини якуми раиси парлумон […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар нахустин иҷлосияи парлумони нав – даъвати ҳафтум, ки бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор гардид, Файзалӣ Идизода раиси парлумони Тоҷикистон интихоб шуд.

Файзалӣ Идизода вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт буда, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ва бо раъйи ҳама вакилон раис интихоб гардид.

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси пешини Додгоҳи олии Тоҷикистон муовини якуми раиси парлумон интихоб шуд.

Мавсума Муинӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд, ки дар даъвати қаблӣ ҳам барои муддате муовини раиси Маҷлиси намояндагон буд, бори дигар муовини раис интихоб шуд.

Азиз Гиёзода аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ муовини дигари раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ вакилони нави парлумони кишварро бо интихоб шуданашон дар ин мақоми баланд табрик гуфта, таъкид кард, ки “тамоми кӯшишу талош ва донишу таҷрибаи худро ба он равона созанд, ки ба эътимоди мардуми кишвар сазовор бошанд”.

Дар ин баробар аз вакилон талаб кардааст, ки “барои амалӣ кардани барномаи пешазинтихоботии худ саъю талош намоянд, зимни қабули қонунҳо ва ҳалли дигар масъалаҳо манфиати ҷомеа, давлат ва шаҳрвандонро меҳвари фаъолияти хеш қарор диҳанд, инчунин барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва болоравии сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат содиқона кӯшиш намоянд”.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон даъвати ҳафтум зимни интихоботе, ки 2-юми марти соли ҷорӣ баргузор шуд, интихоб гардиданд. Ҳайати пешин бошад, дирӯз пас аз баргузории охирин ҷаласа пароканда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.