Минбаъд кормандони милитсияи пойтахт ба театр мераванд

Минбаъд кормандони пулиси пойтахт мунтазам барои тамошои намоишҳои саҳнавии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ хоҳанд рафт. Дар робита ба ин дирӯз, 18-уми март, байни Раёсати ВКД-и пойтахт ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Дар ин бора аз маркази матбуотии Раёсати ВКД-и Душанбе […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Минбаъд кормандони пулиси пойтахт мунтазам барои тамошои намоишҳои саҳнавии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ хоҳанд рафт. Дар робита ба ин дирӯз, 18-уми март, байни Раёсати ВКД-и пойтахт ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Дар ин бора аз маркази матбуотии Раёсати ВКД-и Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, ин аввалин таҷриба  дар ҷумҳурӣ аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо як муассисаи фарҳангӣ созишномаи ҳамкорӣ имзо карда, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба барномаҳои фарҳангӣ ҷалб мекунад.

Манбаъ гуфт, ҳамзамон чорабиниҳои фарҳангию фароғатие, ки дар доираи иду ҷашнҳои умумимиллӣ аз ҷониби худи милитсияи шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудаанд, дар бинои театри мазкур баргузор мешаванд.

Ҳадафи имзои ин санад таҳкими робитаҳо байни сохторҳои фарҳангӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дастгирии гурӯҳҳои эҷодӣ ва рушди санъати театри дар кишвар гуфта мешавад.

Аммо ҳанӯз гуфта намешавад, ки кормандони милитсия ҳар чанд муддат ба театр мераванд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, “созишнома тоза ба имзо расид ва дар ояндаи наздик нақша низ муайян мешавад”.

Бояд гуфт, масъалаи камтамошобин будани театрҳои тоҷик солҳои охир нигаронии аҳли зиё ва фарҳангро ба бор овардааст. Борҳо аҳли фарҳанг шикоят кардаанд, ки солҳои охир ҳатто мақомдорон ба санъати театр таваҷҷуҳ надоранд.

Аз ҷумла, Асалбек Назриев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар яке аз мусоҳибаҳои худ шиква карда буд, ки қаблан вазирону раисон ҳам ба театр меомаданд. Аз ҷумла, ӯ аз Саймумин Ятимов, Шералӣ Мирзо ва Рамазон Раҳимзода ном бурда буд.

Бояд гуфт, дар кишвар барои рушди театрҳо барномаи махсус амал мекунад. ҳунармандону фарҳангиён умед доранд, ки ин барои ҳалли мушкили соҳаи театр то андозае кумак мекунад, агар дар рӯйи коғаз намонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио