Шикоят доред? Муроҷиат кунед! Агентии зиддифасод имсол кадом ниҳодҳоро месанҷад?

Агентии зиддифасод феҳристи ниҳодҳоеро, ки дар соли 2025 мавриди санҷиш қарор мегиранд, нашр карда, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки ҳар талабу пешниҳод ва иттилое, ки дар бораи ниҳодҳои зикршуда доранд, ба Агентӣ ирсол намоянд. Ба иттилои манбаъ, имсол ниҳоду муассисаҳои зерин мавриди санҷиш қарор мегиранд: 1. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Агентии зиддифасод феҳристи ниҳодҳоеро, ки дар соли 2025 мавриди санҷиш қарор мегиранд, нашр карда, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки ҳар талабу пешниҳод ва иттилое, ки дар бораи ниҳодҳои зикршуда доранд, ба Агентӣ ирсол намоянд.

Ба иттилои манбаъ, имсол ниҳоду муассисаҳои зерин мавриди санҷиш қарор мегиранд:

1. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2. Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3. Академияҳои миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;

4. Иттифоқҳои адвокатҳо;

5. Иттифоқи “Тоҷикматлубот”;

6. Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта”;

7. Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

8. Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

9. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

10. Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд.

Манбаъ менависад, ин амалиёт барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфҳои коррупсионӣ ва шаффофияти фаъолияти онҳо гузаронида мешавад. Бо ин мақсад аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки маълумот дар бораи шаффофияти фаъолияти ниҳодҳо, сатҳи баррасии муроҷиатҳо дар он, дастрасӣ ба иттилоот, фаъол будани сомонаи расмӣ ва амсоли инҳо, ҳамчунин таклифу пешниҳодоти худро тариқи почтаи электронӣ ба суроғаи [email protected] ирсол намоянд.

Бояд гуфт, Агентии зиддифасод ҳамасола рӯйхати ниҳодҳоеро, ки санҷиш гузаронида мешавад, нашр мекунад. Соли пеш низ ин ниҳод эълон карда буд, ки Палатаи ҳисоб, Бонки миллӣ, Хадамоти алоқа ва як қатор муассисаҳои дигар таштиш мешаванд. Вале ҳамасола натиҷаи ин тафтишҳо норӯшан монда, расонаӣ намешаванд. Ин дар ҳолест, ки баъзе ниҳодҳо аз Агентии зиддифасод дархост мекунанд, ки фаъоляити онҳоро санҷиш кунанд. Аз ҷумла Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе аз ин Агентӣ чанд соли охир талаб мекунад, ки фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти шаҳрдориро мавриди санҷиш қарор диҳад. Аммо чун ҳамеша, натиҷаи санҷиш расонаӣ намешавад.

Дар ҳамин ҳол, Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ фасодзадатарин ниҳодҳоро эълон кард.  Ӯ гуфт, дар ҳукуматҳои маҳаллӣ (257 ҳолат), соҳаи маориф ва илм (172 ҳолат) ва бахши мудофиа (171 ҳолат) ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҳама бештар содир шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.