Рустами Эмомалӣ аз Агентии зиддифасод хост, фаъолияти молиявии шаҳрдориро санҷад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дархост кардааст, ки фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти шаҳрдориро санҷиш намояд. Дар ин бора сомонаи расмии ин ниҳод хабар медиҳад. Дархости мазкур бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе равона шудааст. “Раиси […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дархост кардааст, ки фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти шаҳрдориро санҷиш намояд. Дар ин бора сомонаи расмии ин ниҳод хабар медиҳад.

Дархости мазкур бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе равона шудааст.

“Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомот дар соли 2022 дархост ирсол намуданд”, – гуфта мешавад дар хабари нашргардида.

Ин маротибаи аввал нест, ки раиси шаҳри Душанбе аз ин мақоми тафтишотӣ санҷиши фаъолияти молиявиии ниҳоди зери роҳбариашро дархост мекунад.

Солҳои қаблӣ низ Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия айнан чунин хоҳишро карда буд, аммо то кунун натиҷаи санҷишҳои қаблӣ расонаӣ нагардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.