Рустами Эмомалӣ санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдориро дархост кард

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти шаҳрдориро дархост намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин дархост бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе равона шудааст. Ёдрас мекунем, ки 15 […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти шаҳрдориро дархост намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин дархост бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе равона шудааст.

Ёдрас мекунем, ки 15 феврали соли гузашта зимни мулоқот бо фаъолони пойтахт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хост, ки санҷиши "истифодаи пулҳои буҷаи кишвар ва пойтахтро" барои сохтмони биноҳо дар Душанбе то 1 июл ба охир расонад.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи апрели соли сипаришуда Суди шаҳри Душанбе собиқ сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Саидшариф Анваровро барои порадиҳӣ ва камомад дар харҷи воситаҳои буҷетӣ дар сохтмони маркази тиббии “Истиқлол” ба 18 соли зиндон ва пардохти 9 млн. сомонӣ ҷубронпулӣ маҳкум кард.

Ҳамчунин вобаста ба ин қазия Фазлиддин Маҳмудов, роҳбари ширкати “Тоҷикколхозсохтмон” ба 18 соли зиндон ва муовини ӯ Фирӯз Раҳмонов ба 5 соли зиндон маҳкум шуда, дигар иштирокчиёни парвандаро Суди шаҳри Душанбе ба пардохти ҷаримаҳои ҳаҷмашон ниҳоят зиёд уҳдадор кард.

Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”дар майдони беш аз 10 гектар, дар байни Маркази ҷумҳуриявии ташхис ва бозори Султони Кабир ҷойгир шудааст. Марказ аз 38 иншоот, аз ҷумла бемористон бо 650 кат, дармонгоҳ барои қабули 800 беморон дар як баст ва ғайра иборат аст. Барои сохтмони марказ  аз буҷети пойтахт зиёда аз 706 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.