Агентии зиддифасод фаъолияти ВКД-ро месанҷад

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки нисбат ба кори чор вазорату кумитаҳои кишвар изҳори назар кунанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, давоми моҳҳои феврал-апрели соли равон Агентӣ гузаронидани таҳлили фаъолиятро дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати нақлиёт, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну […]

Asia-Plus

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки нисбат ба кори чор вазорату кумитаҳои кишвар изҳори назар кунанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, давоми моҳҳои феврал-апрели соли равон Агентӣ гузаронидани таҳлили фаъолиятро дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати нақлиёт, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Кумитаи сохтмон ва меъморӣ ба нақша гирифтааст.

Гуфта мешавад, таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар доираи фаъолияти вазорату кумитаҳои интихобшуда, аз ҷониби гурўҳ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсия, ки ба ҳайати он намояндагони худи вазорату идораҳои интихобгардида ва кормандони Дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон шомил карда шудаанд, гузаронида мешавад.

«Аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ дар вазорату кумитаҳои интихобгашта, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, сомонаи интернетӣ ва амсоли онҳо маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро ирсол намоянд», – омадааст дар маълумот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.