Манбаъ: Ду муовини Рустами Эмомалӣ ва раисони Фирдавсиву Сино аз вазифа озод шуданд

Умед Гуреззода, Дилшод Одиназода, ду муовини Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, Фатҳиддин Усмонзода, раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Синои пойтахт аз вазифа озод шудаанд. Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, Умед Гуреззода, ҳамакнун собиқ муовини шаҳрдор ба ҷои Фатҳиддин Усмонзода раиси ноҳияи Фирдавсӣ таъин шудааст. Маълум нест, ки Дилшод Одиназода, муовини […]

Умед Гуреззода, Дилшод Одиназода, ду муовини Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, Фатҳиддин Усмонзода, раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Синои пойтахт аз вазифа озод шудаанд.

Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, Умед Гуреззода, ҳамакнун собиқ муовини шаҳрдор ба ҷои Фатҳиддин Усмонзода раиси ноҳияи Фирдавсӣ таъин шудааст.

Маълум нест, ки Дилшод Одиназода, муовини дуввуми барканоршуда Рустами Эмомалӣ ва Фатҳиддин Усмонзода ба чӣ вазифае таъин шудаанд.

Ҳамин тавр, Руслан Раҷаб, ки то кунун муовини раиси ноҳияи Сино буд, ба ҷои Шариф Самӣ раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъйин шуд.

Имрӯз, 11- уми  январи Самӣ Шариф, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтхат бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифа озод гардида буд. 

Ба таъкиди манбаъи мо, Сиҷоуддин Саломзода, ки чанде пеш аз вазифаи роҳбари шаҳри Бохтар озод шуда буд, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин шудааст.

Ҳафтаи гузашта, Зафарбек Давлатзода, ҳамакнун собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз вазифа озод ва бо қарори ҳукумат директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ таъин карда шуда буд.

Гуфта мешавад, ки Салимзода Нусратулло, раиси ноҳияи Сино низ аз вазифа озод шудааст.

Тоҷиддин Саидзода, ки то имрӯз раҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе буд, раиси ноҳияи Сино таъйин гардидааст.

Ҳамчунин, як манбаъ аз ҳукумати вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки Ҷамшед Саидзода, раиси ноҳияи Ёвон низ аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Бахтиёр Шарифӣ, ки то ин дам муовини вазири саноати Тоҷикистон буд, таъин шудааст.

Ҳоло маълум нест, ки Ҷамшед Саидзода ба кадом вазифа таъин шудааст.

Чанде пеш манбаъҳои “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар аз вазифаи озод ва ба ҷои ӯ Файзулло Баротзода, ки то ин дам раиси ноҳияи Лахш буд, таъин гаридааст.

Киромиддин Холзода, ки то индам ҳамчун муовини раиси ноҳияи Данғара кор мекард, раиси ноҳияи Лахш таъин шудааст.

Ҳамчунин, Нурулло Мирзозода, ки то ин дам ҳамчун муовини раиси шаҳри Бохтар кор мекард, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ таъин шудааст. Ӯ аз ин мансаб Бозоралӣ Одиназодаро иваз кардааст.

Гуфта мешавад, ки дар сатҳи роҳбарони шаҳру навоҳии дигари кишвар низ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Фармони расмии барканорӣ ва таъини мансабдорони нав ҳоло нашр нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5-уми январи соли раовн бо қарори ҳукумат ва фармону амрҳои президенти кишвар чанде аз мансабдорони сатҳи баланд аз вазифа озод ва чандеи дигар ба вазифаҳои нав таъин гардида буданд. Аз ҷумла, Қурбон Ҳакимзода, ки чор соли охир раиси вилояти Хатлон буд, аз вазифа озод гардид. Ба ҷои ӯ, ҳамакнун собиқ муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид раиси вилоят таъйин гардид.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, ҳамакнун раиси собиқи Агентии омори Тоҷикистон вазири меҳнат таъин гардид. Ба ҷои Ҳасанзода Гулнора Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон, ки чанд сол пеш аз вазифа озод гардида буд, таъйин шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.