Сиҷоуддин Саломзодаву Шариф Самӣ аз вазифа озод ва Файзулло Баротзода раиси шаҳри Бохтар таъин шуд

Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар аз вазифаи озод ва ба ҷои ӯ Файзулло Баротзода, ки то ин дам раиси ноҳияи Лахш буд, таъин гаридааст. Ҳамчунин, Самӣ Шариф, раиси ноҳияи Исмоили Сомониро низ аз вазифа озод кардаанд.  Як манбаъи гуфт, тағйироти навбатии кадрӣ имрӯз, 11-уми январи соли равон оғоз шуд. Ба иттилои ӯ, Киромиддин Холзода, ки то […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар аз вазифаи озод ва ба ҷои ӯ Файзулло Баротзода, ки то ин дам раиси ноҳияи Лахш буд, таъин гаридааст. Ҳамчунин, Самӣ Шариф, раиси ноҳияи Исмоили Сомониро низ аз вазифа озод кардаанд. 

Як манбаъи гуфт, тағйироти навбатии кадрӣ имрӯз, 11-уми январи соли равон оғоз шуд.

Ба иттилои ӯ, Киромиддин Холзода, ки то индам ҳамчун муовини раиси ноҳияи Данғара кор мекард, раиси ноҳияи Лахш таъин шудааст.

Маълум нест, ки Сиҷоуддин Саломзода ба кадом мансаб таъин гардидааст.

Ҳамчунин, Нурулло Мирзозода, ки то ин дам ҳамчун муовини раиси шаҳри Бохтар кор мекард, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ таъин шудааст. Ӯ аз ин мансаб Бозоралӣ Одиназодаро иваз кардааст. Маълум нест, ки Одиназода ба кадом мансаб таъин шуд.

Манбаъи мо гуфт, Самӣ Шариф, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифа озод гардид. Ҳоло маълум нест, ки ба ҷои ӯ кӣ таъин гардидааст.

Шариф Самӣ моҳи январи соли 2017 раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъин шуда буд. Шариф Самӣ дар гузашта дар мансабҳои муҳиме, ба мисли раиси ширкати “Барқи Тоҷик” ва раиси шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтари ҳозира) кор кардааст.

Гуфта мешавад, ки тағйироти кадрӣ дар сатҳи роҳбарони шаҳру навоҳии дигари кишвар низ ҷой дорад. Вале фармони расмии барканорӣ ва таъини мансабдорони нав ҳоло нашр нашудааст.

Файзулло Баротзода қаблан дар вазифаҳои гуногуни ҳукумати шаҳри Бохтар то муовини аввали раиси шаҳр фаъолият карда буд. То таъинаш ба вазифаи раиси ноҳияи Лахш муовини аввали раиси ноҳияи Рӯдакӣ буд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5-уми январи соли раовн бо қарори ҳукумат ва фармону амрҳои президенти кишвар чанде аз мансабдорони сатҳи баланд аз вазифа озод ва чандеи дигар ба вазифаҳои нав таъин гардида буданд. Аз ҷумла, Қурбон Ҳакимзода, ки чор соли охир раиси вилояти Хатлон буд, аз вазифа озод гардид. Ба ҷои ӯ, ҳамакнун собиқ муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид раиси вилоят таъйин гардид.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, ҳамакнун раиси собиқи Агентии омори Тоҷикистон вазири меҳнат таъин гардид. Ба ҷои Ҳасанзода Гулнора Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон, ки чанд сол пеш аз вазифа озод гардида буд, таъйин шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.