Манбаъ: Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд боздошт шуд

Asia-Plus

Аюб  Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо гумони даст ба фасодкорӣ задан, боздошт шудааст. Далели боздошти ректор мақомот расман шарҳ надоданд, аммо се манбаъ ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд.

Як манбаи “Азия-Плюс” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ва як манбаи дигар дар мақомоти тафтишоти вилояти Суғд тасдиқ карданд, ки Аюб  Усмонзода 11-уми март аз сӯйи мақомоти амнияти вилоят боздошт гардид ва ҳоло бозпурсӣ мешавад.

Талошҳои мо барои дастрас кардани иттилоъ расмӣ аз мақомоти амнияти вилоят бесамар анҷомид.

Ба иттилои манобеи мо, ректори ДДХ барои фасодкорӣ гумонбар аст, аммо маълум нест, ки сухан мушаххас сари чанд пул ва дар кадом ҳолатҳо меравад.

Ҳамсари Аюб Усмонзода далели боздошти шавҳарашро тасдиқ кард, аммо нахост дар бораи тафсилоти он суҳбат кунад.

Ӯ, ки бидуни зикри номаш бо мо тариқи телефон суҳбат мекард, гуфт, “шавҳарам бегуноҳ аст ва ман бовар дорам, ки ҳақиқат ошкор мешавад”.

“Шавҳарам табиатан  одами нек, боандеша аст ва мумкин нест, ки даст ба кори ғайре зада бошад”, – гуфт ӯ.

Ӯ гуфт, бо шавҳараш дар боздоштгоҳ мулоқот кардааст ва ҳолати ӯ хуб аст.

Яке аз се фарзандони Аюб Усмонзода ҳам зимни як суҳбати телефонӣ ба бегуноҳии падараш ишора кард, аммо нахост батафсил суҳбат кунад.

Аюб  Усмонзода аз руйи ихтисос таърихшинос буда,  унвонҳои илмии доктори илмҳои таърихро дорад. Ӯ аз апрели соли 2022 ректори ДДХ аст.

Рӯзи 18-уми март, вақте хабарнигори “Азия-Плюс” ба ДДХ рафт, касе аз кормандони раёсати донишгоҳ нахостанд ин мавзӯро расман шарҳ диҳанд.

Боздошти ректори ДДХ пас аз тахминан як моҳи эълони ошкор гардидани ҳолатҳои зиёди фасодкорӣ дар ин донишгоҳ сурат мегирад.

Моҳи гузашта дар нишасти хабарии худ сардори Раёсати Агентии зиддифасоди вилояти Суғд  Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷандро  муассисаи фасодзада номида, гуфта буд, ки дастикам 49 мавриди ҷиноятҳои  коррупсиониро дар Донишгоҳро ошкор карданд.

Салимзода гуфта буд, нисбат ба панҷ корманди донишгоҳи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, барои тасдиқи фикри айбдоркунӣ  ба мақомоти судӣ ирсол гардид.  Аммо  на дар нишасти матбуотии моҳи гузашта ва  на баъди он номи ин 5 нафар  кормандони  донишгоҳро ошкор накарданд.

Моҳи майи соли 2023 низ милитсияи вилояти Суғд аз боздошти декан ва муовини декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишггоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров бо иттиҳоми гирифтани пора  гузоришии видеоӣ дода буд.

Дар нишастҳои матбуотӣ  Ректори боздоштшудаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Аюб Усмонзода  хабари боздошти кормандонашро бо вуҷуди расонаӣ шудан бепоя ва туҳмат мехонд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...