Зеристгоҳҳо Тоҷикистону Қирғизистонро бо хати ягонаи интиқоли барқ мепайванданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар вохӯрии муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо муовини вазири энергетикаи Қирғизистон Назгул Усенова масоили мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хати интиқоли барқ дар доираи Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000 баррасӣ шуданд.

Тавре ки Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот зикр шудааст, ки дар муҳлатҳои наздик хатти интиқоли барқи 500 кВ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз зеристгоҳи барқии «Суғд-500» то зеристгоҳи барқии «Датка» ба истифода дода мешавад.

“Изҳори итминон шуд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар оянда низ густариш ёфта, ба сатҳи нав мебарояд”, – омадааст дар хабари Вазорат.  

Қобили зикр аст, ки хати интиқоли барқи 500 кВ “Датка – Суғд” дар доираи лоиҳаи CASA-1000 сохта шуд.

Дар лоиҳаи Central Asia – South Asia-1000 (CASA-1000) сохтмони хати фаромарзии интиқоли барқ пешбинӣ шудааст, ки тариқи он интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон дар назар аст.

Маросими расмии оғози татбиқи лоиҳаи CASA-1000 моҳи майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо ҳузури сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои чор кишвари иштирокчии лоиҳа баргузор шуд. Маблағи сохтмони хати интиқоли барқ бо масофаи умумии 1,4 ҳазор километр дар маҷмӯъ ҳудуди 1,2 млрд долларро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетикаи ҶТ, корҳои сохтмони лоиҳа дар қитъаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аллакай ба охир расида, ҷиҳати пайваст ба шабакаи минтақавӣ омодаанд. Анҷоми лоиҳа дар қисмати Афғонистон ва оғози истифодаи он дар соли 2026 дар назар аст.

Мувофиқи қарордодҳои имзошуда байни давлатҳои иштирокчии лоиҳа дар муддати 10 соли баъди ба истифода додани CASA-1000 интиқоли барқ аз Тоҷикистон танҳо дар давраи тобистон – аз моҳи май то сентябр сурат мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...