Талаби ҳукумат аз муҳоҷирон: Нафақа мехоҳед, андоз супоред!

Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули қароре барои додани нафақа ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз онҳо пардохти андози иҷтимоиро талаб намудааст. Дар ин бора қарори дахлдор аз 28 феврали соли ҷорӣ дар пойгоҳи Вазорати адлия замима гардидааст. Дар ин ҳуҷҷат ҳаҷми пардохти андози иҷтимоӣ на камтар аз як нишондиҳанда ишора шудааст, ки соли ҷорӣ ба 75 сомонӣ баробар […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули қароре барои додани нафақа ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз онҳо пардохти андози иҷтимоиро талаб намудааст. Дар ин бора қарори дахлдор аз 28 феврали соли ҷорӣ дар пойгоҳи Вазорати адлия замима гардидааст.

Дар ин ҳуҷҷат ҳаҷми пардохти андози иҷтимоӣ на камтар аз як нишондиҳанда ишора шудааст, ки соли ҷорӣ ба 75 сомонӣ баробар аст ва метавонад барои солҳои минбаъда тағйир ёбад.

Гуфта мешавад, тартиби пардохти андози иҷтимоӣ тариқи барномаи мобилии “Андози ман” сурат мегирад. Дар ин барномаи мобилӣ муҳоҷири меҳнатӣ дар бораи ихтиёран супоридани андози иҷтимоӣ дархост мегузорад ва ба ӯ ҳамчун андозсупорандаи иҷтимоии ихтиёрӣ рақами суғуртавӣ дода мешавад.

Дар қарор омадааст, “нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз маблағи саҳмҳои суғуртаи иҷтимоии ба мақомоти ваколатдор ба таври ихтиёрӣ пардохтнамуда ҳисоб карда мешавад”.

Муҳоҷироне, ки мехоҳанд бо нафақаи хуб таъмин шаванд, ҳар семоҳа, шашмоҳа ва ё солона андози иҷтимоиро ба таври ғайринақдӣ бояд пардохт кунанд.

Бояд гуфт, бо нафақа таъмин шудани муҳоҷирони корӣ дар Русия солҳо инҷониб мавриди баҳс қарор дорад. Ахиран соли 2022 баъди баррасии беш аз 7 сола ва 7 даври гуфутушунидҳо Созишнома бо Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминот бо нафақа қабул шуда, баъди тасвиби порлумони Русия ҳукми қонунӣ гирифт ва муҳоҷирон ҳақ пайдо карданд, ки аз ин кишвар нафақа гиранд. Аммо талаботи асосӣ доштани таҷрибаи корӣ ва пардохти андози иҷтимоӣ гуфта мешуд.

Бо ин ҳама баҳси нафақа гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ то ҳол идома дошта, ҳамчунин дар бораи нагирифтани нафақа баъди супоридани андози иҷтимоӣ низ шикоятҳо буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.