Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025

Asia-Plus

ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНӢ

– То 6-уми апрел дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯз намоишгоҳи анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз» баргузор мешавад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 29 МАРТ

Соли 1929 – Иттифоқи “Тоҷикматлубот” таъсис ёфт.

Соли 1936 – Иттифоқи меъморони Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 1992 – Дар майдонҳои “Шаҳидон” ва “Озодӣ”-и Душанбе гирдиҳамоиҳо оғоз шуд, ки ба мухолифатҳо ба инқилоби моҳи май оварда расонид.

Соли 2007 – Боғи марказии фарҳанг ва истироҳати Душанбе ба “Боғи Рӯдакӣ” тағйири ном кард.

Соли 2010 – Дар Тоҷикистон бонки нави молиявии хурд “AccessBank Tajikistan” кушода шуд.

Соли 2012 – Литсейҳои донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷ дар Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ таъсис ёфт.

Соли 2012 – Ба Кодекси ҷиноятии ҶТ моддаи “Шиканҷа” илова гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1959 – Зодрӯзи Мӯъмин Шокиров, коргардони синамо ва рӯзноманигори тоҷик.

Мӯъмин Шокиров дар соҳаи синамо ва рӯзноманигорӣ фаъолият кардааст. Ӯ фаъолияти худро дар соҳаи синамо оғоз намуда, солҳо дар “Тоҷикфилм” кор кардааст. Аввалин филми пурраи ӯ “Дар Бағдод ҳама ором аст” дар соли 1992 намоиш дода шуд, ки ин филм аввалин қадами бузурги Мӯъмин Шокиров дар коргардонӣ буд.

Аз соли 1994 Мӯъмин Шокиров ба рӯзноманигорӣ рӯ овард ва дар рӯзномаҳои “Литературная газета” ва “Новая газета” кор кард. Аз соли 1994 бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ дошта, то соли 2012 хабарнигори вижаи он буд.

Мӯъмин Шокиров ҳамчун муаллифи як қатор филмҳо ва барномаҳо шӯҳрат пайдо кардааст. Филми мустанади ӯ “Ҳолокост – Оё ин часпони зардевор аст?” яке аз намунаҳои беҳтарини филми ӯст. Ӯ барномаҳои телевизионии “Экспресси Шарқӣ” ва “Формулаи синамо”-ро роҳандозӣ кардааст. Ин коргардон ва рӯзноманигор дар Маскав кору зиндагӣ мекунад.

Соли 1961 – Мавлуди Абдуғаффор Раҳмонзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб ва вакили пешини парлумон.

Абдуғаффор Раҳмонзода, иқтисодчӣ ва сиёсатмадори Донишгоҳи муҳандисии Тошкандро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм кардааст.

Ӯ солҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва робитаҳои хориҷӣ Кумитаи комсомолии Кӯлоб ва Вазорати иқтисоди Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Ҳамчунин муовини вазири иқтисод ва савдо, муовини аввали раиси Кумитаи сармоягузорӣ, муовини Раиси вилояти Хатлон ва раиси шаҳри Кӯлоб буд.

Аз 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ буд.

Аз соли 2020 як муддат муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон буд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

29 марти соли 2010, дар ду истгоҳи метрои Маскав таркиш ба амал омад. Ин таркишҳо дар истгоҳҳои “Лубянка” ва “Боғи маданият” ҷони чанд нафарро гирифт, ки миёни онҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон низ буданд.

Масъулияти ин ҳамларо роҳбари “Имороти Қафқоз” Доку Умаров ба дӯш гирифт ва онро “амали ҷавобӣ” ба амалиёти вижаи нерӯҳои федеролӣ дар деҳаҳои Аршти ва Датихи ноҳияи Сунженски Ингушистон, ки 11 феврали соли 2010 баргузор шуда буд, номид.

Соли 1696 дар ҳамин рӯз Исаак Нютон сармуҳосиби Корхонаи сикказании Лондон таъин шуд. Ӯ дар ҳамон даврон маоши фавқулода баланди 2000 фунт дар як сол мегирифт. Маҳз таҳти роҳбарии ӯ пули Англия дар муддати кӯтоҳ аз нав сикка зада шуд, ки иқтисоди кишварро аз бӯҳрони коҳиши арзиши асъор наҷот дод.

29 марти соли 1940 Бонки Англия аввалин пулҳои қоғазиро бо дараҷаи баланди дифоъ аз қалбакӣ сохтан ба муомилот баровард. Аз ҳамон вақт ба қоғази пулӣ риштаҳои тунуки металлии муҳофизатӣ илова гардиданд.

29 марти соли 1873 Лев Толстой ба навиштани романи “Анна Каренина” оғоз кард. Шоми он рӯз Толстой ба ҳамсараш саҳифаи дастнавис овард, ки дар он ҷумлаи маъруфи “Ҳама чиз дар хонадони Облонскиҳо омехта шуд” навишта шуда буд. Баъдтар, дар таҳрири ниҳоии роман, ин ҷумла ба ҷои дуюм гузашт. Толстой асарро моҳи апрели соли 1877 ба итмом расонд ва ҳамон сол он дар маҷаллаи “Русский вестник” ба нашр расид.

Соли 1886 як фармасевти амрикоӣ Ҷон Стит Пембертон барои дармони сардард шарбати махсусе ихтироъ кард, ки бо номи “Кока-Кола” маъруф шуд. Пас аз вафоти ӯ, соҳибкори дигар дорухати онро ба 2300 доллар харид ва дар тӯли даҳсолаҳои баъдӣ онро ба нӯшокии ҷаҳонӣ табдил дод.

29 марти соли 1998 дар Лиссабон тӯлонитарин пули Аврупо, ки барои намоишгоҳи ҷаҳонии “ЭКСПО-98” сохта шуда буд, мавриди истифода қарор гирифт. Дарозии умумии он 17 185 метр буда, қисми болои обаш 10 км-ро ташкил медиҳад. Баландии қисми марказии он 47 метрро ташкил медод, то киштиҳои бузург битавонанд аз зери он гузаранд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 29 МАРТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2º, рӯзона 7+12º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 2+7º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15 сард, рӯзона -3+2º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 17+19º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона 5+7º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...