Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Моҳи апрел дар Тоҷикистон обуҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Ба сурати умум ҳарорат дар ҳудуди меъёр боқӣ монда, лекин ҳамчунин рӯзҳои гарму хунук ва якбора тағйирёбии обуҳаво рӯзона ва шабона пешбинӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ сардшавии обуҳаво аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо боронҳои шиддатнокиашон гуногун, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с аз эҳтимол дур нест.

Дар вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 15+19º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 12+13º гармиро ташкил медиҳад. Ҳарорат рӯзона дар водиҳо тағйир ёфта, аз 20+25º гарм то 27+32º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ аз 12+17º гарм то 19+24º гарм дар назар дошта шудааст.  Ҳарорати шабонаи ҳаво дар водиҳо аз 4+9º гарм то 11+16º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ аз 2+7º гарм то 8+13º гарм дар назар дошта шудааст.

Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ нишондиҳандаҳои пасти ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо эҳтимолан то 14+19º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бошад то 10+15º гармӣ паст шавад. Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ низ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад (меъёр: дар водиҳои вилояти Хатлон 29-134 мм, дар водиҳои НТҶ 94-115 мм, дар доманакӯҳҳо 166-194 мм).

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 15+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 12+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 4+7º гармиро ташкил медиҳад.

Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо аз 18+23º гарм то 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 7+12º гарм то 14+19º гарм дар назар дошта шудааст. Ҳарорати шабонаи ҳаво дар водиҳо аз 2+7º гарм то 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз -2+3º то 2+7º гарм дар назар дошта шудааст.

Рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с аз эҳтимол дур нест. Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад (меъёр: дар водиҳо 18-50 мм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 46-60 мм).

Дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, 7+12º гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво пешгӯӣ шуда, аз 15+20º гарм то 21+26º гарм, шабона аз 0+5º гарм то 7+12º гарм мешавад.

Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ нишондиҳандаҳои пасти ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво эҳтимолан то 0-5º хунукӣ, рӯзона бошад то 8+13º гармӣ паст шавад.

Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад: дар ғарби ВМКБ (меъёр 42,1-49мм), дар НТҶ (меъёр 42-166,8мм).

Дар давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боришот (асосан дар намуди борон) дар назар буда, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор баъзан ҳолатҳо бошиддат ба амал меояд. Дар баъзе ҳолатҳо ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола пешгӯӣ мешавад.

Рӯзҳои алоҳида дар ноҳияҳои алоҳида шиддатнокии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20м/с аз эҳтимол дур нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...