Мусофиркашӣ дар Русия бо шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон манъ шуд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар хабар додааст, ки мусофиркашонӣ бо шаҳодатномаи ронандагии миллӣ ё байналмилалӣ дар Русия манъ шуда, онро танҳо бо мақсади иҷрои корҳои шахсӣ истифода кунанд.

Қоидаи нав аз 1-уми апрели соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифт. Тибқи қарор, муҳлате, ки ба соҳибони ду шиноснома – Русия ва кишвари дигар ва хориҷиёни соҳиби иҷозатномаи зисти муваққат (ВНЖ) барои ивази шаҳодатномаи ронандагӣ дода шуда буд, 1-уми апрели соли 2025 ба поён расид.

“Агар идора кардани воситаи нақлиёт як бахше аз фаъолияти меҳнатии шаҳрванди хориҷӣ бошад, ӯ наметавонад, зимни фаъолият воситаи нақлиётро тавассути шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ истифода барад”,-гуфтааст ин ниҳод.

Таъкид шудааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозатномаи зисти муваққат ва шаҳрванди Русия мегиранд, ва шаҳодатномаи ронандагии кишвари худро доранд, бояд дар муҳлати як сол шаҳодатномаи ронандагии Русияро низ гиранд.

Агар шаҳрвандон дар Русия ҳуҷҷати ронандагии кишвари хориҷиро истифода кунанд, бар зиддашон дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ин кишвар санад тартиб дода шуда, ҷарима мешаванд.

 

Барои иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Ин ниҳод гуфтааст, ки шаҳрвандоне, ки шаҳодатномаи ронандагии кишвари худро доранд, барои гирифтани шаҳодатномаҳои ронандагии Русия аз рӯи категорияҳои “М”, “А”, “B”, “А1”, “B1” бояд аз санҷиши назариявӣ гузаранд ва маълумотномаи тиббӣ низ пешниҳод кунанд.

Барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ аз рӯйи категорияҳои “С”, “D”, “СЕ” ва “DЕ” бошад, шаҳрвандон бояд курси кӯтоҳмуддати ронандагиро хонанд, аз санҷиши назариявӣ гузаранд ва ҳамзамон маълумотномаи тиббӣ низ пешниҳод кунанд.

Бояд гуфт, ки ин талабот ба шаҳрвандони Русия, ки  муддати тӯлонӣ дар хориҷи кишвар иқомат доштанду шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ гирифтаанд, низ дахл дорад.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ки шаҳрвандони кишвар барои гирифтани маълумот ва маслиҳати ҳуқуқӣ ба рақамҳои +7(495) 967-98-44, +7 (999) 912-58-68 метавонанд муроҷиат кунанд.

Бо тағйироти дигаре, ки аз 1-уми апрели соли 2025 барои муҳоҷирон дар Русия ҷорӣ мешавад, дар матлаби “Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...