Бохти наврасони тоҷик аз Куриёи Шимолӣ дар Ҷоми Осиё

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Тими миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2025 (U-17) аз мунтахаби Куриёи Шимолӣ шикаст хӯрд.

Ин рақобат шоми дирӯз, 8-уми апрел дар варзишгоҳи “Шоҳзода Абдуллоҳ Спортс Сити Холл” шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор гардида, бо натиҷаи 3:0 ба нафъи куриёиҳо хотима ёфт.

Наврасони Куриёи Шимолӣ ҳарсе голро дар нимаи дувуми дидор ба самар расонданд. Ду голро Пак Кванг – Сонг дар дақиқаҳои 50-ум ва 58-ум ва голи сеюмро Ри Канг – Рим дар дақиқаи 82-юм ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид кард.

Бозии дигари ин гурӯҳ миёни тимҳои милли наврасони Эрон ва Уммон бо ҳисоби 2:3 ба фоидаи уммониҳо ба анҷом расид.

Дар ҳоли ҳозир наврасони тоҷик дар ҷадвали гурӯҳи "D" дар ҷои дуюм қарор доранд. Куриёи Шимолӣ баъд ғалабаи имрӯза соҳиби 4 имтиёз шуда, дар садри ҷадвали гурӯҳ мавқеъ гирифт.

Бо ин тартиб ҳар чаҳор даста, аз ҷумла тими миллии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам имкони баромадан аз гурӯҳ ва роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон миёни наврасонро доранд. Вале барои Тоҷикистон лозим аст, ки дар бозии охирини марҳилаи гурӯҳӣ, ки муқобили мунтахаби Эрон рӯзи 11-уми апрел баргузор мешавад, пирӯз гардад. 

Қаблан, тими милии наврасони тоҷик дар гурӯҳи худ дастаи Уммонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...